Агар мухтасар ҳолати пештараи роҳи Душанбе - Чаноқро бо вазъи кунунӣ муқоиса намоем, пас ибораи аз даҳшат то роҳат беҳтарин ташбеҳ аст.
Он замон ронандагону мусофирон ба мушкилии зиёд мувоҷеҳ мешуданд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки одамон ҳалок мешуданд, дар маросими дафни азизтарин ашхос иштирок карда наметавонистанд ва ғайра.
Чунин мисолҳо ҳақиқати бебаҳс буда, касе наметавонад онҳоро инкор кунад. Фаромӯш накардаем, ки пештар барои то нуқтаи ниҳоии ин масир рафтан 13 соат вақт лозим буд. Ҳоло бошад, дар 4-5 соат ин масофаро тай кардан имконпазир гардидааст. Мо азобҳои қаблан дар ин роҳ кашидаамонро ҳеҷ вақт аз ёд намебарорем. Зеро дар ин роҳҳои ноҳамвор садҳо ҳамдиёронамон ҷони худро аз даст додаанд. Модарон гирён, фарзандон нолон шуда ва арӯсон либоси мотамӣ ба бар кардаанд. Роҳи ағбаи Анзоб ҳар сол тақрибан 5-6 моҳ баста мешуд. Бо вуҷуди ин мусофирон ба хавфу хатар, ҳатто ба марг рӯ ба рӯ шаванд ҳам, аз ин ағба гузар мекарданд. Шоҳиди ҳол будам, ки мардум ҳафтаҳо ё дар Майхӯра ва ё дар мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Фақат ба хотири ин, ки ягон трактор ё булдозер пайдо шаваду мошини онҳоро аз ағба гузаронад. Бидуни тамаллуқ мегӯям, ки истифода аз чунин роҳҳои обод барои мо танҳо орзу буду халос…
Бояд эътироф намоем, ки имрӯз бо шарофати фаъолияти пурмаҳсули IRS чунин хароҷот ва хатарҳо бартараф шуда, маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ин Ширкат шурӯъ аз марҳилаи оғози фаъолияташ инҷониб роҳи мазкур, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ умуман баста нест.
Аз ҷониби дигар, ҳолати ногувори роҳ боис мегардид, ки воситаҳои нақлиёт хеле зиёд осеб бинанд. Табиист, ки барои таъмири воситаҳои нақлиёт шаҳрвандон маблағҳои зиёд харҷ менамуданду бар замми ин вақташон барабас мерафт. Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки IRS бо масъулиятшиносии худ моҳиятан ба ронандагоне, ки дар масир зиёд ҳаракат мекунанд моҳиятан як автомобили дигар туҳфа кардааст.
IRS дар нигоҳдории роҳи Душанбе –Чаноқ фаъол буда, пойгоҳи техникии филиали Ширкат ба 242 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардидааст. Бо ду чашми сар дида истодаем, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 800 нафар дар филиали Ширкат фаъолият дошта, онҳое, ки бо ин роҳ сафар кардаанд медонанд, ки ҳамарӯза мутахассисони соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонидаи Ширкат баҳри дар сатҳи хубу сифати баланд нигоҳдории роҳи мазкур азми қавӣ доранд.
Чунин тарзи кор аз он шаҳодат медиҳад, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти IRS қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Далел: Аз аввали фаъолият IRS, ки баъзе «дӯстон» рисолати филиали онро танҳо «пулчинӣ» медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 15 сол IRS зиёда аз 2,5 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад қариб 400 ҳазор тонна асфалт сарф кардааст. Омили мазкур ба он вобаста аст, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатро тақозо дошта, дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он пайомад ногувор хоҳад буд.
Дар маҷмуъ, фаъолияти пурмаҳсули ширкати зикршуда исботи он аст, ки ба шарофати тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Муҳаммад ЗОКИР, журналист