Аз чӣ бояд эҳтиёт шуд, то идро дар бистари беморӣ пешвоз нагиред?
31.12.2025
Oila.tj
38

Соли нави мелодӣ яке аз идҳои дӯстдоштаи мардумони кишварҳои пасошуравӣ мебошад. Аз овони кӯдакӣ мову шумо ин иди пур аз фараҳ ва шодиву нишотро бесаброна интизорӣ мекашем ва кӯшиш мекунем, ки дастурхони солинавиамон пур аз нозу неъмат бошад, вале табибон ҳушдор медиҳанд, ки беэҳтиётӣ дар шаби ид метавонад боиси хуруҷи касалиҳои гуногун гардад. Аз чӣ бояд эҳтиёт шуд, то соли навро дар бистари беморӣ пешвоз нагиред?

Зарба ба системаи ҳозима

Табиби машҳури рус, номзади илмҳои тиб Дмитрий Еделев зимни суҳбат бо хабарнигорон таъкид кардааст, ки маъмулан дар шаби ид беш аз ҳама системаи ҳозима осеб дида, дар натиҷа шумораи зиёди одамон ба бемориҳои гуногуни рӯдаву меъда гирифтор мегарданд. Бар асари ба миқдори зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои равғанӣ панкреатит хуруҷ намуда, натанҳо касро нороҳат месозад, балки боиси бистарӣ гаштан дар беморхона низ гашта метавонад. Дар соли нав ҳамчунин ҳолатҳои хуруҷи илтиҳоби меъда-гастрити музмин, холецистит ва санги талхадон бештар мушоҳида мешаванд.

Хӯришҳое, ки боиси заҳролудшавии организм гашта метавонанд

Хатари дигаре, ки бештар дар рӯзҳои ид, хоса соли нав домангири одамон мегардад, сироятёбии рӯдаҳо ва заҳролудшавӣ аз ғизоҳои гуногун мебошад. Табибон таъкид мекунанд, ки дар иду ҷашнҳо ҳангоми истеъмоли ғизо бодиққат бошем, зеро ҳар гуна хӯришҳо, махсусан хӯришҳое, ки дар таркибашон қаймоқ ва майонез доранд, боиси заҳролудшавии организми инсон гашта метавонанд. Бештари одамон пас аз истеъмоли чунин хӯришҳо, махсусан хӯриши “Оливие” ба бо аломатҳои заҳролудшавии организм ба беморхона меафтанд. Миқдори бехатари хӯришҳои солинавӣ ҳамагӣ 150-200 грамм аст, агар аз ин бештар салат истеъмол намоед, метавонад боиси заҳролудшавии организм, нороҳатӣ ва ҳатто ба беморхона афтидан гардад.

Аз инфаркт ва баланд шудани қанд эҳтиёт бошед!

Гирифторони касалии қанд, иллатҳои дил ва фишорбаландии шараёнӣ бояд дар шаби соли нав ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Истеъмоли хӯрокҳои гуногуни равғанию зирбондашуда, шириниҳои зиёд, хӯрокҳои шӯру сернамак, нӯшидани машруботи спиртӣ, фишори эмотсионалӣ ва фаромӯш кардани қабули доруҳое, ки табибон тавсия додаанд, метавонад боиси баланд шудани фишори хун, сактаи дил ва ба инсулт гирифтор шудан гардад.

Шахсоне, ки ба касалии диабети қанд гирифтоанд, агар дар соли нав бепарвоӣ карда, ширинӣ ва хӯрокҳои зарароварро истеъмол намоянд, қанди хунашон якбора хеле баланд шуда, оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонед.

Аз дилхушӣ то осеби ҷисмонӣ

Травматологҳо чун анъана дар арафаи соли нав серкор мешавнад, зеро ҳолатҳои шикастани дасту пойи одамон ҳангоми яхмолакбозӣ дар рӯйи барфу ях ва ҷароҳат бардоштани кӯдакону наврасон ҳангоми сӯхтани фейерверк ва истифодаи дигар намудҳои пиротехника зиёд мешаванд. Соли навро бо гипс ё дар беморхонаи касалиҳои сӯхтагӣ истиқбол гирифтан нахоҳед, эҳтиёт бошед!

Аллергия ва дарди гулӯ

Дар рӯзҳои ид ҳамчунин шумораи гирифторони бемориҳои узвҳои ЛОР зиёд мешавад, зеро нӯшидани нӯшокиҳои хунуки газнок боиси дарди гӯл мегардад. Меваҳои ситрусӣ бошанд, ба хӯруҷи аллергия боис гашта метавонанд.

Барои пешгирии бемориҳои солинавӣ чӣ бояд кард?

Барои кам кардани хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногуни солинавӣ табибон тавсия медиҳад, ки дар истеъмоли ғизо дар рӯзҳои ид эҳтиёткор бошед, камтар машруботи спиртӣ нӯшида, бештар об бинӯшед. Шахсоне, ки ба бемориҳои гуногуни музмин гирифтор ҳастанд ё фишорбаландии шараёнӣ ва касалии қанд доранд, бояд доруҳои таъинкардаи табибонро сари вақт қабуло карда, ба парҳез риоя намоянд.

Ба кӯдакону наврасон дар шаби ид диққати махсус диҳед, то ки ҳангоми салют ва фейерверкҳо ҷароҳат набардоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД