Sebiston new 2024 october
АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ САБЗӢ ТО ЭЪТИРОЗИ ХАРИДОРОН
2218


Якбора ба осмони ҳафтум дакка хӯрдани нархи сабзӣ, ки пештар дар байни тамоми маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳама арзонтарин ба шумор мерафт, чанд ҳафтаи охир боиси норозигии харидорон гаштааст.

Яке бо ҳазлу шӯхӣ, дигарӣ бо киноя, саввумӣ бо доду вой аз баланд рафтани нархи сабзӣ дар бозорҳои пойтахт шиква мекунад. Сабзӣ аз нигоҳи аввал чандон чашмрас наменамояд, вале зиндагии тоҷиконаро бидуни ин маҳсулот тасаввур кардан хеле душвор аст. Мо, ки табиатан мардуми ошхӯрак ҳастем, натанҳо ҷашни зодрӯз ва тӯю маърака, балки ҳатто рӯзҳои истироҳати худро бидуни оши палав тасаввур карда наметавонем.

Эҳтимол аз ҳамин хотир якбора боло рафтани нархи сабзӣ ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст, зеро фасли тобистон фаро расидаву аксари сокинони кишварамон, ки ниятҳои хайр доранд, тӯю маъракаҳои худро маҳз дар ҳамин мавсим мегузаронанд. Ба 10-сомонӣ расидани нархи сабзӣ ба киссаи тӯйдорон зарбаи сахт зада, хароҷоти онҳоро боз ҳам бештар месозад.

Чаро нархи сабзӣ ин қадар боло рафт? Он дубора арзон мешавад ё не? Ба ин саволҳо масъулини бозори “Деҳқон”-и пойтахт ва сарвари яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун ҷавоб гуфтаанд.
Ступник дар такя ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” сабабҳои болоравии нархи сабзиро аз нигоҳи масъулини бозор ва деҳқонон шарҳ дода мегӯяд:
Мастон Шарифов, муовини мудири бозори “Деҳқон”, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сабзиро, пеш аз ҳама, дар фасли баҳор нисбатан сарду сербориш омадани ҳаво гуфтааст.

Шарифов дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки сардии барзиёд барои афзоиши сабзии нав монеа эҷод кард.

Ба гуфти ин масъули бозор, бо сабаби сардтар омадани ҳаво имсол сабзии нав ба бозор дертар ворид шуда, боиси боло рафтани нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар гаштааст.

Ба қавли Мастон Шарипов масъалаи сабзӣ айни замон таҳти назорат қарор дорад ва бо мақсади паст кардани нархи он бозори “Деҳқон” бо хоҷагиҳои деҳқонии ватанӣ, аз ҷумла бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ барои ворид намудани сабзӣ шартнома бастааст.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмаддовуд Сафаров, сардори хоҷагии деҳқонии “Ҳаким” - и ноҳияи Ҷайҳун, мегӯяд, ниҳоят паст будани нархи сабзӣ ба киссаи марди деҳқон сахт зарба мезад. Соли гузашта хоҷагии онҳо дар майдони 1 гектар сабзии тирамоҳӣ кишт намуда, 35 тонна сабзӣ ҷамъоварӣ кардаанд, вале нархи килои сабзӣ ба 20 дирам фаромада, қисми зиёди маҳсулот бо сабаби харидор наёфтан хӯроки чорво ва пӯсида нобуд гаштааст.

Ин марди деҳқон мегӯяд, парвариши сабзӣ, пиёз ва полизиҳо сол то сол серхароҷот ва мушкил шуда истодааст. Аз як ҷониб боду ҳавои номусоид ба кори деҳқон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар, болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, техникаҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, таъмини кормандони мавсимӣ мушкили деҳқононро боз ҳам афзунтар месозад.

Албатта, парвариши маҳсулоти полезӣ кори саҳлу осон нест ва дар баробари меҳнати сангин деҳқонон харҷу хароҷоти зиёде доранд, вале якбора то 10 сомонӣ боло бурдани нархи сабзӣ аз рӯйи инсоф нест, зеро пул дар шохаҳои дарахтон намерӯяд, ки харидорон ҳар гоҳе, ки дилашон хост ва ҳар қадаре, ки хост, бемалол онро чидан гиранд.

Умедворем, ки масъалаи нархи сабзӣ ба зудӣ ҳаллӣ худро меёбад, зеро Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз афзоиши кишти сабзӣ хабар дода мегӯяд, имсол дар майдони 4738 гектар кишти сабзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 33 гектар зиёд мебошад.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД