arzon replenishment
Аз БДА “Амонатбонк” ба КВД БА “Амонатбонк”
02.03.2023
ОИЛА
1268

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” иваз карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қарори мазкур санаи 28-уми феврали соли равон зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ҳамзамон Шӯрои нозирони бонк таъсис ва ҳайати он тасдиқ гардидааст.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

“Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад”,- таъкид шудааст дар ҷаласаи Ҳукумат.

Ба таври содда, ин тағйирот шароитро барои назорат аз болои фаъолияти молиявию хоҷагидории бонк беҳтар намуда, шаффофияти онро таъмин мекунад. Ҳоло “Амонатбонк” яке аз калонтарин бонкҳои низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД