Ман соҳиби ҳамсари зебову меҳрубон будам. Падару модарам пайи ҳам вафот карданду ман бо зану фарзандонам танҳо мондем.
Рӯзе дар ҷои кор будам, ки ҳамсарам ҳангоми нонпазӣ яку якбора худро бад ҳис карда, назди танӯри тасфон меафтад. Фарзандонам тарсида ҳамсояҳоро фарёд мекунанд. Вақте ба ман занг заданд, зуд ба беморхона давидам. Табибон гуфтанд, ки завҷаам бар асари баландшавии фишори хун сактаи мағзиро аз сар гузаронидааст. Хулоса, занам дигар аз ҷояш хеста натавонист.
Карахту ноҷунбон, яъне фалаҷ гаштааст, ҳатто ҳоҷаташро дигарон тоза мекунанд.Хешу таборонам гуфтанд, ки занамро бурда, ба волидонаш супорам, вале розӣ нашудам. Охир, ман занамро дӯст дошта, издивоҷ кардаам. Баъдан, тақдири се писараки хурдсоламро фикр карда, намехостам дубора оила барпо кунам. Хулоса, бо зани бемору фарзандони хурдсол азоби зиёд кашида, як ҷавонзани шавҳармурдаи як писарча доштаро ба занӣ гирифтам.
Зани дуюмам ҳам зани беморамро нигоҳубин мекунаду ҳам кори хонаро ба анҷом мерасонад. Аммо рӯзҳои охир аз ман талаб дорад, ки ҳамсари беморамро бурда, ба хешонаш супорам. Мегӯяд, ки ман сахт хаста шудам.Агар ӯро набарӣ, ман баромада меравам.
Дар ҳоли ногувор қарор дорам, чӣ кор карданамро намедонам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
К.