Sebiston new 2024 october
Аз Бадахшон то Рашт: Ноҳияҳое, ки дар рӯзи аввал нақшаро иҷро карданд
693

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ онро пурра иҷро намуд. Ҷавонони синни даъватии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Дар минтақаи Рашт низ ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро намуданд. Дар минтақа, аз ҷумла писари раиси ҷамоати шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Шамсияи Назригул - Рустам Сиямардов ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваст.

Ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғараи вилояти Хатлон низ нақшаи даъвати тирамоҳииро дар рӯзи аввали ин маърака иҷро намуданд.

Дар ин рӯз ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъватро барзиёд иҷро намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД