Formula novemver 2024
Аз қайсингилҳои дуздам бахшиш пурсам?
05.02.2023
ОИЛА
1270


Вақте ба шавҳар баромадам ҷиҳози бурдаамро дида, даҳони ҳамсояҳо воз монд. Ба ғайр аз курпаву палос, телевизор, яхдон ва мошинаи ҷомашӯйӣ, волидонам бо ҳазор умед маро ба беҳтарин толорҳои ҷавоҳирот бурда, зару зевари зиёде харида дода буданд.

Аз рӯзи аввал қайсингилҳоям бо ҳар баҳона ба хонаи ман даромада, чизҳои овардаамро тамошо мекарданд. Барои хушҳол сохтанашон ба онҳо атру упо ва собуну “бижутерия” туҳфа мекардам. Оҳиста-оҳиста ҳис кардам, ки аз хонаам пулу шириниҳо, шампуну ороишоти духтарона гум мешаванд.

Барои он ки хушдоману шавҳарам наранҷанд, ба касе чизе намегуфтам. Минбаъд ба хоҳарони шавҳарам бештар чизҳои даркорияшонро медодам, то ки дуздӣ накунанду муносибатҳоямон вайрон нашавад. Мутаассифона, ин рафтори ман дарди сари худам гашт.

Акнун ҳар дафъае, ки ба хонаи волидонам рафта меомадам, ҳис мекардам, ки либосҳоямро касе пӯшидаву боз ба ҷояш оварда мондааст. Боре тамоми тилловориҳоямро дар назди оинаи хонаам монда, ба корҳои ҳавлӣ машғул шудаму хеле дер ба хонаам даромадам.

Аз назди оина як гӯшвори тиллоиву ду ангуштарӣ ва занҷирбандам ғайб зада буд. Ҳарчанд тамоми хонаро чаппаву роста кардам, тилловориҳоямро наёфтам. Ноилоҷ назди хушдоманам рафта гум шудани тилловориҳоямро гуфтам. Модаршӯям маслиҳат дод, ки хонаамро дурусттар кобам.

Ба гапам бовар накарданашро эҳсос намуда пештар ҳам ғайб задани чизу чораамро гуфтам. Хушдоманам «ту духтарҳои маро дузд меҳисобӣ» гӯён, хонаро ба сараш бардошт. Бегоҳ шавҳарам аз кор баргашта аз моҷаро огоҳ шуд ва сари қаҳр маро ба хонаи модарам оварда партофт. Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД