arzon replenishment
Аз ғайбати хушдоман худамро чӣ тавр дур гирам?
05.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1162

 

Ассалом, хонандаҳои азиз!

Ман келини хонадоне ҳастам, ки бо бадгӯиву гандагиашон дар деҳаамон пуровозаанд, аммо ман шавҳарамро сахт дӯст медорам ва ба ҳамаи ин азобҳо сабр дорам.

Моҳҳои охир кор аз кор гузаштааст. Хушдомани ман аз субҳи солеҳ то бегоҳӣ дар ба дари ҳамсояҳо гашта, фақат маро ғайбат мекунад. Хусурам бошад, доим писарашро насиҳат мекунад, ки “занро зан, намурад, бо табар зан”.

Ҳарчанд ман аз рӯзи аввал кӯшиш кардам, ки боиси эҳтироми хусуру хушдоманам гардам, вале нашуд. Шавҳари ман миёни шаш духтар ягона писар асту ду хоҳаршӯям аз шавҳар ҷудо шуда, бо чоркӯдакӣ дар хонаи моянд. Хизмати онҳоро низ ба ҷо меорам, аммо доим таъна мекунанд, ки гӯё мани пирдухтарро акаи онҳо гирифтааст, вагарна...

Онҳо фикр намекунанд, ки шавҳари ман аз боиси сухани бади модарашу онҳо як бор духтареро гирифта, бо ду кӯдак ҷудо шудаасту ман барои шавҳарам бахти дуюмам.

Ман дар деҳа ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунаму мардум эҳтиромам мекунанд. Аммо хусурам туҳмат карда, мегӯяд, ки ман ба мардҳо сӯзандору мегузаронаму лоиқи писараш нестам. Хушдоманам дар тӯйи хоҳарам дар пеши ҳамаи меҳмонон гуфт, ки “келинам танбал асту хӯрокашро ман мепазам”, ҳарчанд аз рӯзе, ки ман дар ин хона келинам, ӯ даст ба дегу табақ намебарад.

Умуман, ман аз дасти онҳо девона шудаам, аммо шавҳарамро дӯст медорам ва ҳаргиз нияти хонавайрониро надорам.

Чӣ кор кунам, ки бахтам насӯзад?

Бо эҳтиром, Н., аз н. Шаҳринав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД