Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дод, ки аз 29-уми ноябри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад.
- Борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳо борони пуршиддат дар назар дошта шуда, дар баландиҳои беш аз 1800 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Бориши борон метавонад боиси баланд шудани сатҳи оби дарёҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ шуда, хатари омадани сел, резиши санг ва лағзиши тарма вуҷуд дорад,- меафзояд манбаъ.
Дар ин робита, Кумита ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳо дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.