Аз 21 то 24-уми август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи омадани сел вуҷуд дорад.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 22-23-юми август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва 23-24-уми август дар минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ дар назар аст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки бо назардошти баланд шудани ҳарорати ҳаво барои пешгирии таъсири манфии мавҷи гармӣ ба саломатии аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои осебпазир бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.