Шуруъ аз 1-уми август дар як қатор роҳҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад. Маҳдудият ҳамарӯза, ба истиснои рӯзи якшанбе, аз соати 06:00 то 11:00 амал хоҳад кард.
Тибқи иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД, ин тадбир ба хотири баргузории тамринҳои гузашти низомӣ бахшида ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Дар ин муддат ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои роҳи аз гардиши хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Садриддин Носир, инчунин аз давродаври кӯчаи Карамов тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (Товус) то гардиши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Назаров (Наврӯзгоҳ) маҳдуд мешавад.
Мақомоти БДА аз сокинон ва ронандагон даъват кардаанд, ки ҳангоми банақшагирии масири ҳаракат ин маҳдудиятҳоро ба назар гирифта, аз роҳҳои алтернативӣ истифода баранд.
Зикр шудааст, ки маҳдудият то анҷоми тамринҳои омодагӣ идома хоҳад кард, аммо санаи дақиқи анҷоми онҳо ҳанӯз эълон нашудааст.