35 years of independency
Аз 1 сентябр дар Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд мешавад
31.08.2026
Оила
71

Аз 1 сентябр дар Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд мешавад

Бо оғози соли нави таҳсил шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт 20 дарсад зиёд карда мешавад. Ин тадбир барои коҳиш додани серодамӣ дар хатсайрҳо ва беҳтар намудани хизматрасонии мусофиркашонӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилии Душанбе, аз 1 сентябр шумораи автобусҳо ва тролейбусҳо ба 410 адад расонида мешавад. Ҳамзамон, дар хатсайрҳои пойтахт тақрибан 1,2 ҳазор микроавтобус ба хизматрасонии мусофирон ҷалб хоҳад шуд.
Илова бар ин, шумораи таксиҳои хурд 500 адад зиёд карда мешавад.
Мақомот таъкид мекунанд, ки афзоиши шумораи нақлиёт, бахусус дар рӯзҳои аввали соли таҳсил, бояд ба коҳиши фишори мусофирбарӣ ва осон шудани ҳаракат дар кӯчаҳои Душанбе мусоидат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД