Нозия ҳастам, аз шаҳри Душанбе. Дар оила миёни чор акаву додар яккадухтар будам. То замоне, ки ба шавҳар баромадам, парвои одаму оламро надоштам.
Ҳеҷ гоҳ гумон надоштам, ки рӯзе аз ҷабру ҷафои зиндагӣ ба ҷон расида, дарди дили худро ба шумо қисса мекунам. Медонам, ки мисли ман занҳои дар зиндагӣ дучори дарду азоб кам нестанд ва қаблан сарнавишти онҳоро дар ҳафтаномаи шумо бисёр мутолиа кардаам. Ман ҳам имрӯз дучори мушкиле гаштаам, ки дар танҳоӣ аз уҳдааш баромада наметавонам. Аз ин рӯ, ба маслиҳату дастгирии шумо модарону хоҳарони азиз ниёз дорам.
То замоне, ки ба хонаи шавҳар по гузоштам, парвои оламу одамро надоштам. Шавҳарам низ мисли ман дар оила яккаписар буду ду апаву як хоҳар дошт. Зиндагиямон дар аввал хеле хуб ҷараён гирифт, дар хонаи хушдоманам ягон мушкилӣ надоштем, то даме, ки яке аз қайсингилҳоям оилавайрон шуда, ба хонаи падараш баргашт.
Қайсингилам ҳомиладор буду мо баробар ҳардуямон фарзанд таваллуд кардем. Баъди таваллуд кардани фарзанди дуюм рӯзи сиёҳи ман дар хонаи шавҳарам сар шуд. Тамоми кору бори хона ва нигоҳубини ду тифли хурдсол бароям хеле душвор буд, аз хастагӣ фишорам паст шуда, сарам чарх мезад. Шавҳарам аҳволи маро дида, аз модараш хоҳиш кард, ки ба ман кумак расонанд, вале хушдоманам хонаро ба сараш бардошта ӯро занкалону латта номид. Қайсингилам рӯзи дароз бозоргардӣ карда, нисбати ман беҳурмативу таҳқир мекард.
Боре гапамон гурехту апаи шавҳарам либосҳоямро дар танам даронда, чунон лату кӯбам кард, ки ҳамсояҳо садои доди фарёди маро шунида, ҷамъ шуданду маро базӯр аз чанги ӯ халос карданд. Худи ҳамон рӯз кӯдаконамро гирифта, ба хонаи падарам рафтам, вале хусурам ба хонаамон рафта, ба ҷои духтараш аз ман бахшиш пурсида, ваъда дод, ки ҳавлиро фурӯхта хонаи моро ҷудо мекунанд.
Хулоса, хотири сари сафеди хусурам ба хонаи шавҳарам баргаштам, вале хушдоманам ҳавлиро ба сараш бардошта гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ барои кӯчида рафтани мо розӣ намешавад. Ҷангу ҷанҷоли пайваста ва зиндагии пурмоҷаро таъсири худро расониду шавҳарам мубталои бемории табобатнашаванда гардид. Баъди бемор шудани шавҳарам хусурам дар як тарафи ҳавлӣ барои духтараш хона сохта, нону обашро ҷудо кард.
Гумон доштам, ки акнун нафаси осуда мекашам, вале хаёлам хом баромад. Рӯзи дароз кӯдакони қайсингилам дар хонаи мо бологузаранду фарзандони ман бошанд, дар паси дар. Бар заммин ин, чанд моҳ шуд хушдоманам бо ману писараш қаҳрӣ асту пайваста талаб мекунад, ки аз хонааш баромада равем.
Ману шавҳарам ҷои рафтан надорем. Падари фарзандонам бар замми бемор буданаш ҳамагӣ 1300 сомонӣ маош мегирад, бо ин пул мо ҳатто пули иҷораро пардохт карда наметавонем.
Ростӣ, дигар мадору қуввати чунин зиндагӣ карданро надорам, ҳис мекунам, ки асабҳоям тамоман хароб шудаанд. Маро бештар рафтори хушдоманам ба ғазаб меорад ва фикр мекунам, ки яке аз сабабҳои ҷангу ҷанҷолҳои оилавии мо маҳз ҳамон кас ҳастанд.
Наход модар то ин андоза золим бошад, ки ба як писари худ раҳм накунад. Хушдоман ба ҷои модар аст мегӯянд, агар хушдомани ман боре модарвор рафтор мекард, имрӯз мо дучори чунин рӯзҳои сахт намешудем.
Хонандаи азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Ману шавҳарам чӣ кор бояд кунем?