Дар бораи пайдоиши ҳавзи Кавсар маълумоти зарурӣ доштан мехоҳам. Мехостам дар ин бора ба ман ва дигар хонандагони “Оила” маълумоти муфассал диҳед.
Абдувалӣ Тоиров, н. Рӯдакӣ
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Пайғамбар (с) дар мобайни асҳоб нишаста ба сукут рафтанд. Аз ин сукути Ӯ онҳо ба ҳайрат афтода мепурсанд, ки ё Расулаллоҳ чӣ гап шуд, ки ин ҳолат рух дод. Алъон сураи Кавсар нозил шуд гуфтанд Расули Худо ва баъдан онро қироат карданду чунин шарҳ доданд, ки Кавсар хайри касир аст, дар он ҷо ҳавзи ман аст, Худованд онро хос барои уммати ман офаридааст. Дарозиаш муддати якмоҳа роҳ аст, рангаш аз шир сафед аст, аз асал ширин аст ва аз мушк хушбӯтар аст. Ҳар касе, ки аз ин об менӯшад, ҳаргиз ташна намешавад. Андешаҳо дар бораи ҷойгиршавии ҳавзи Кавсар гуногунанд. Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки он дар маҳшаргоҳ ҷойгир аст, баъзеҳо дар ҷаннат мегӯянд. Олимони саҳеҳ мегӯянд, ки оби Кавсар дар Ҷаннат аст ва бо қудрати илоҳӣ наҳр ба воситаи лӯлаҳои обгузар он обро ба маҳшаргоҳ мерасонад. Худованд ҳар касеро аз нӯшидани ин об насиб гардонад, ташнагии рӯзи қиёматро намебинад.