Дар Тоҷикистон нахустин онлайн-кинотеатри миллӣ «SOMON TV» фаъолияти худро оғоз намуд, ки пахши коллексияҳои онлайн филмҳо, филмҳои тасвирӣ, теле ва радиобарномаҳоро бо сифати НD ва садои мукаммали қудратнокияш 4К пешниҳод мекунад.
Дар ин кинотеатр филмҳо бе пахши реклама, дар барузери компютер намоиш дода мешавад ё барои смартфон (iOS, Android) замимаи махсус пайваст намуда, ҳамзамон тавассути интернет провайдерҳо ТВ Бокс приставкаҳо ва SMART ТВ телевизор тамошо кардан мумкин аст.
Нафарони ба кинотеатри мазкур пайвастшуда барои худ контенти зиёдеро аз қабили филму барномаҳо, радио ва пахшҳои мустақим ва ғайра пайдо карда метавонанд. Истифодабарандагон дар ҷустуҷӯи филмҳо, клипҳо, барномаҳо, гузоришҳо дар шабакаи интернет вақт сарф намекунанд ва бо наздикони худ дар мавриди интихоби кино ё ТВ баҳс намекунанд. Барои ин ба сомонаи http://somon.tv.пайваст шудан лозим аст.
Роҳбари лоиҳа Умед Ибодов оиди чӣ гуна пайдо шудани идеяи созмон додани кинотеатри миллӣ ва нақшаҳои ҷадиди худ чунин ибрози ақида намуд:
“Чунин кинотеатрҳо аллакай дар кишварҳои дигар, мисоли ИМА- Netflix, Россия – IVI ва дигарон вуҷуд доранд”. Ин намуди технологияи пахши онлайн-кинотеатр дар тамоми дунё роҳандозӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон лоиҳаи мазкур ба тозагӣ роҳандозӣ мегардад, ки имкони тамошо кардани филмҳоро дар ҳама гуна таҷҳизот-телефон, компютерҳо, ноутбукҳо, телевизорҳо имконпазир месозад. Ба гуфтаи роҳбари лоиҳа барои ҳар як аудиторяии муштариён навъи фароғат вуҷуд дорад. “Дар платформаи мазкур филму силсилафилмҳо, филмҳои тасвирӣ, мусиқӣ, барномаҳои телевизионӣ, радио пешниҳод мегардад, -мегӯяд Умед, боргирӣ (скачивать) лозим нест, метавонед бевосита тамошо ё гӯш кунед. Дар онлайн-кинотеатр 333 шабака фаъолият менамоянд, вале ин танҳо оғози кор аст”.
Идеяи созмон додани онлайн-кинотеатри миллӣ ду сол қабл пайдо шуд.Яке аз сармоягузорони лоиҳа, ки аксаран ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунад, ба гурӯҳи IT Умед Ибодов гуфт, ки онҳо барномаҳои миллии интернетии худро доранд, ки бо он ифтихор мекунанд.
Дар интернет захираву замимаҳое вуҷуд доранд, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои хориҷа сохта шудаанд. Тавассути ин захираҳо ҳар кишвар арзишҳои миллии худро роҳандозӣ намуда, фарҳанги худро тарғиб мекунад. Масалан, дар ин захираҳо филмҳои тоҷикӣ ё клип вуҷуд надорад. Сармоягузорон ба қароре омаданд, ки чунин контенте, ки арзишҳои миллии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, бояд дар бозори интернет-технологияҳои ҷаҳонӣ ҳузур дошта бошад. Ҳамин тавр, барномасозон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Умед Ибодов ба созмон додани барномаи мазкур шуруъ намуд.
Баъди заҳмати зиёд онҳо идеяи мазкурро дар амал татбиқ намуданд. Айни замон лоиҳа роҳандозӣ шудааст, вале корҳои муҳими техникӣ идома дорад.
“Акнун вазифаи мо ба бозори ҷаҳонӣ баромадан аст,-мегӯяд роҳбари онлайн-кинотеатр.-Мақсади мо фарҳанги худро дар дигар кишварҳо муаррифӣ кардан аст. Ба гуфтаи Умед Ибодов бо “Тоҷикфилм” гуфтушунид рафта истодааст, то ки филмҳои миллӣ ва шӯравӣ дар «SOMON TV» намоиш дода шаванд. Лоиҳаи «SOMON TV» барои обуначиён ва муштариёни худ шароити мусоид фароҳам меорад. Нархи обуна баланд нест - танҳо вобаста ба вариантҳо аз 5 то 30 сомонӣ, дар ҳоле, ки нархи хизматрасониҳои рақибони хориҷӣ, ки дар бозори Тоҷикистон ҳузур доранд, моҳона 50-70 сомониро ташкил медиҳад.
"SOMON TV" бо назардошти афзалиятҳои тамошобинон ба муштариён бастаҳои контингентҳои гуногунро пешниҳод менамояд. Бастаҳои мавзӯӣ таҳия шудаанд, масалан: варзиш, мусиқӣ, кино ва ғайра. Қарор аст дар Дубай ва Маскав марказҳои техникии дастгирии ин манбаъ кушода шаванд.
«Нақша дорем, ки «SOMON TV»-ро ба хостинги YouTube ё шабакаи Фейсбук монанд созем», - мегӯяд Умед.
Ҷойгир кардани таҷҳизоти мо дар кишварҳои хориҷӣ ба манбаи миллии Тоҷикистон барои ҷалби маблағ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.Обунаи солона ба кинотеатри онлайнии SOMON TV 90 сомонӣ арзиш дорад.Обунаи ройгони озмоишӣ, инчунин обуна барои вақти муайян вуҷуд дорад - барои як рӯз, як ҳафта, як моҳ. Сайти мо тамоми усулҳои пардохтро, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, пешниҳод менамояд.