Аввалин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева аз олам даргузашт
14.01.2026
Оила
85

Аввалин генералзани тоҷик

Саодат Амиршоева аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз, 14-уми январ аввалин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандон ва дӯстони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Саодат Амиршоева 73 сол дошта, аввалин зани тоҷик буд, ки дар замони истиқлолият рутбаи баланди генералиро соҳиб гаштааст. Мавсуф дар вазифаҳои баланд кор карда, замоне вакили Маҷлиси намояндагон буд ва бо пешниҳодҳои ҷасуронааш дар хотири мардум ҳамчун зани ватанпарвар ва ростқавлу адолатҷӯй боқӣ хоҳад монд.

Ҷанозаи аввалин генералзани тоҷик имрӯз, пас аз намози пешин дар шаҳри Бохтар (поёни бозори Ҳоҷӣ Шариф) баргузор мегардад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД