arzon replenishment
Аввалин актрисаи Панҷакент
657

Чандест, ки бо мақсади омӯхтани таърихи зодгоҳам, матолиберо мутолиа мекунам. Дар ин миён, зарурат пеш омад, ки рӯзномаи “Зарафшон” - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакентро, ки аз соли 1932 аввал бо номи “Барои панҷсолаи дуввум” ва баъдан бо унвони “Коммунисти Панҷакент” нашр мешуд, варақ занам. Дар бастаҳои солҳои 1930 ва 40-и ин нашрия қариб ҳар шумора бо номи Бибираҷаб Исоева рӯ ба рӯ меомадам, ки гоҳо ҳам чун комсомоли пешқадам, гоҳо чун аввалин актрисаи театр ва гоҳе ҳамчун депутат муаррифӣ мешуд. Дар асоси ин матолиби пароканда рӯзгори ин занро қисман барқарор намудам.

Бибираҷаб Исоева яке аз аввалин бонувони фаъоли шаҳри Панҷакент будааст, ки дар баробари Паттӣ Азизова, Она Отабоева, Анна Шарофова, Очабӯрӣ Муъминова, Ойгул Муҳаммадҷонова, Умарой Тошева ва дигарон барои бедории фикрии бонувон дар шаҳри Панҷакент талош намудааст. Тибқи маълумоти китобҳои Н. Дӯсталиев “Ростони диёри бостон” (Д., 2017) ва Г. Худойбердиева “Кавкабони қутбнамои Панҷакент” (Қомуси бонувони Панҷакент, Д. 2016) Бибираҷаб Исоева соли 1919 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Вале дар соли таваллуди ӯ ихтилоф мавҷуд аст. Дар шумораи 21-уми феврали соли 1941-и рӯзномаи “Коммунисти Панҷакент” ҳолномаи кӯтоҳи Б. Исоева дарҷ гардидааст. Дар он санаи таваллуди ӯ зикр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки вай аз хурдсолӣ ба санъат шавқу рағбат пайдо карда, соли 1927 дар Театри шаҳри Самарқанд корашро оғоз намудааст. Яъне духтари 8-сола ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист корманди театр бошад.

Ҳамин тавр, Бибираҷаб Исоева як муддат дар Театри шаҳри Самарқанд ба фаъолияти эҷодӣ пардохта, дар ин муддат нозукиҳои санъатро меомӯзад. Дар ду китоби зикршуда гуфта мешавад, ки Б. Исоева соли 1940 ба Панҷакент омадааст, ки ин маълумот низ дақиқ нест. Аз ҳолномаи фавқуззикри нашршуда дар рӯзнома бармеояд, ки ӯ соли 1930 ба Панҷакент омада, дар Театри халқии шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз намудааст. Дар ин маврид далелҳои зиёде ҳастанд, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи “Коммунисти Панҷакент” дар солҳои 30 нашр шудаанд. Ҳамчунин, аз навиштаҳои рӯзнома бармеояд, ки Бибираҷаб Исоева нахустин ҳунарпешаи Театри халқии шаҳри Панҷакент будааст.

Аз навиштаҳои рӯзнома бармеояд, ки Бибираҷаб Исоева нахустин ҳунарпешаи Театри халқии шаҳри Панҷакент будааст. Бибираҷаб Исоева аз соли 1930 то соли 1938 дар театр ба ҳайси актриса фаъолият намуда, дар намоишномаҳо нақшофарӣ мекард. Илова бар ин, ӯ аз соли 1939 ба кори режиссёрӣ даст зада, чандин асарро ба саҳна гузоштааст. Мавриди зикр аст, ки Театри тоҷик соли 1929 арзи ҳастӣ наму да, дар солҳои 30 мо ҳанӯз драма тургияи касбӣ надоштем. Театри шаҳри Панҷакент ҳам истисно набуд. Аз матолиби солҳои 30 ва 40-и рӯзномаи “Коммунисти Панҷакент” бармеояд, ки дар он солҳо кормандони театр худ барои саҳнаҳо асар менавиштанд. Барои мисол дар ҳамон солҳои 30 аз рӯйи романи “Дохунда”-и устод Садриддин Айнӣ ҳунармандони театр асари саҳнавӣ сохта, онро ба саҳна гузошта буданд, ки яке аз дастандаркорони он Бибираҷаб Исоева буд. Ҳамчунин, театр аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома” низ саҳнаҳо гузоштааст.

Дар солҳои 30 ва 40 драматургияи касбии тоҷик рушд кард. Асарҳои А. Усмонов «Мубориза», С. Саидмуродов «Раъно», Ғанӣ Абдулло «Вахш», Сотим Улуғзода «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх», “Дар оташ”, Ҷалол Икромӣ «Душман», Мирсаид Миршакар “Тошбек ва Гулқурбон”, (Ҷалол Икромӣ ва А. Файко «Хонаи Нодир», Сотим Улуғзода «Дар оташ») ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Ин асарҳо натанҳо дар театрҳои марказ, балки аз рӯйи имкон дар театрҳои музофот низ ба саҳна гузошта мешуданд, аз ҷумла дар Театри шаҳри Панҷакент ва дар онҳо Бибираҷаб Исоева нақши марказиро иҷро мекард.

Театри халқии шаҳри Панҷакент дастаҳои ҳунарии навозандагиву сарояндагӣ низ дошт. Бибираҷаб Исоева як муддат роҳбарии Театри халқии шаҳри Панҷакентро низ ба уҳда доштааст.

Бибираҷаб Исоева дар баробари фаъолияти ҳунарӣ, ба корҳои ҷамъиятӣ низ машғул шудааст ва барои бедории фикрии бонувон талошҳо кардааст. Фаъолияти ӯ дар кори комсомоли ноҳияи Панҷакент бисёр назаррас буд. Ҳамин аст, ки вай як муддат, аниқтараш солҳои 1940-1943 сарварии кумитаи комсомоли ноҳияро низ ба дӯш доштааст.

Дар солҳои баъдӣ Бибираҷаб Исоева раиси артели “Ударник”-и комбинати маишӣ, сарвари шӯрои занони ноҳия, мудири ЗАГС, котиби комитети иҷроияи шаҳр, корманди ҳифзи иҷтимоӣ, мудири боғчаи бачагона, депутати Шӯрои Олӣ ва монанди инҳоро низ ба уҳда доштааст, вале ӯ фаъолияти худро пайваста дар театр идома медод.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова, ки соли 1962 фаъолияти ҳунарии хешро дар Театри халқии шаҳри Панҷакент оғоз намудааст, ба ёд меорад, ки дар даврони фаъолияти ӯ Бибираҷаб Исоева бо Шарофат Одилова ва Хосият Хӯҷаева ҳунармандони пешбари театр будаанд.

Мавриди зикр аст, ки Театри халқии шаҳри Панҷакент на фақат дар ҳудуди ноҳия, балки дар саросари кишвар ва ҳатто хориҷ аз он ба сафари ҳунарӣ мебаромадааст. Аз ҷумла Бибираҷаб Исоева дар саҳнаҳои калони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардааст. Илова бар ин, ӯ бо ҳайати театр ба шаҳру навоҳӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.

Бибираҷаб Исоева дар солҳои 30 натанҳо бо нақшҳои офаридааш ва фаъолияти тарғиботиаш, балки бо мақолаву шеърҳояш низ кӯшиши таҳрики афкори бонувонро анҷом додааст. Ҳатто дар яке аз шумораҳои солҳои 30 ӯро “Шоираи мо Бибираҷабой Исоева” муаррифӣ кардаанд. Дар мақолаву муроҷиатҳояш ба занон, Б. Исоева рӯзгори замони пешинро бо замони нав муқоиса намуда, фаъолияти занонро дар ҳама ҷабҳаҳо мисол оварда, онҳоро ба бедории фикрӣ, саводомӯзӣ ва фаъолият дар корзори созандагӣ даъват мекунад. “Ба зани аз зулм озодшуда”, “Ба меҳнати шарафнок”, “Барои зани озодшуда” намунаи мақолаву муроҷиатҳои ӯ ҳастанд. Ҳамчунин, Б. Исоева дар шеърҳояш низ васфи зани озодро мекунад. Барои мисол дар яке аз шеърҳояш, ки “Баҳори болшевикӣ” (Коммунисти Панҷакент, №20 (102), соли 1935) ном дорад, ӯ заминҳои киштукорро ба гулистону бӯстон монанд карда, васфи кори таракторҳоро намуда, аз он ки занон дар корзор дар баробари мардон заҳмат мекашанд, ситоиш мекунад.

Дар фасли баҳор,

Сӯйи кишту кор,

Духтари деҳқон,

Чун себи анор.

Ӯ даъват мекунад, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои иҷро кардани план талош намоянд.

Ё дар шеъри дигараш, ки “8 уми март” (Коммунисти Панҷакент, №9 (156), 8-уми марти соли 1936) ном дорад, ӯ ишора мекунад, ки “Дар замони куҳна” занон “чӯрии боён” буданд, гарчанде дар “замони озодӣ” он рӯзгорон афсона менамояд.

Лолаю Соро Назокатҳо буданд дар қайди зулм,

Субҳи шодӣ бардамиду кор бо ҷонона кард.

Духтари мазлум кунун азод гашт аз қайди зулм,

Ҳамчун гул бишкуфту кори мардона кард.

Албатта, ин шеърҳо аз нуктаи назари имрӯз арзише надоранд ва дар онҳо бозёфти ҳунариву эҷодӣ мушоҳида намешавад. Вале дар солҳои 30 чунин абёт кам набуданд, балки онҳо барои муҳиту замони хеш созгор маҳсуб меёфтанд. Дар саҳифаҳои матбуоти он солҳо ва ҳатто китобу маҷмӯаҳо чунин абёт кам нестанд.

Хулоса, Бибираҷаб Исоева ба ҳайси аввалин актрисаи Театри шаҳри Панҷакент машъале фурӯзон кардааст, ки он баъдан барои ҳазорон бонувон роҳнамо шудааст. Хизматҳои Бибираҷаб Исоева бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶТ, 5 медал ва чандин ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст. Ин зани матинирода умри бобаракт дида, дар синни 90-солагӣ аз олам мегузарад.

Ёдаш ба хайр!

О. СОҲИБЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД