Мастӣ инсонро натанҳо ба кирдорҳои бад оварда мерасонад, ҳатто ба пушти панҷараи зиндон низ бурда метавонад. Далели равшани ин гуфтаҳо марди 30-сола аст, ки ба хотири нушидани нӯшокиҳои спиртӣ натанҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти як марди 35-соларо низ барбод дод.
Рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 19:00, ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод, бо ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 1-маротиба ба бадани ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Кӯлоб, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми июни соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, ҳангоми дар назди пули мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо санг ба сараш задааст.
Дар натиҷа, номбурда зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.