Бар зидди сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои таҳдид ба ҷони ҳамсараш ва тарошидани мӯи сари ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Мувофиқи моддаи 120-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парванда оғоз карда шудааст.
Шахси номбурда 7-уми июни соли 2023, дар хонаи худ бо ҳамсараш муноқиша ва баҳсу мунозираи зиёд мекунад ва аз қаҳр бо корд ба ҷони ҳамсараш таҳдид мекунад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, асабонияташ фурӯ нарехта, занашро ба ҳамом бурда, бо асбоби мӯисаргирӣ сари ӯро метарошад.
Таҳқиқи парванда айни ҳол идома дорад.