Бар асари чаппа шудани як автобуси ҳоҷиён дар Ақаба-Шаар дар минтақаи ҷанубии Асир дасти кам 20 нафар зоир ба ҳалокат расида, 29 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора портали https://saudigazette.com.sa/ хабар медиҳад.
Ҳодиса дар роҳи Ақаба-Шаар, ки шаҳри Абҳаро бо волии Моҳил Асир мепайвандад, рух додааст.
Автобуси мусофирбар бар асари корношоямии муҳаррики идоракунӣ ба купрук бармехӯрад ва чаппа шуда, оташ мегирад. Бояд гуфт, ки зоирони ҳалокшуда барои ҳаҷҷи Умра ба Макка мерафтанд.
Пас аз дарёфти иттилоъ дар бораи ин ҳодиса, гурӯҳҳои дифоъи шаҳрвандӣ ва Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин, ниҳодҳои амниятӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои наҷотбахшӣ шурӯъ карданд. Ҷасади зоирони ҳалокшуда ва захмиён ба бемористонҳои минтақа интиқол дода шуданд.
Бахтовар Сафаров