arzon replenishment
Автобуси 15 аз куҷо то куҷо меравад?
06.04.2022
Оила
1325

Дар Душанбе боз як хатсайри нав пайдо шуд!
Норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ солҳои охир барои сокинони пойтахт мушкилоти зиёде эҷод менамояд. Барои ҳалли ин масъала ва осон намудани рувуойи мардум ба минтақаҳои гуногуни пойтахт ҳукумати шаҳри Душанбе шумораи нақлиёти мусофиркашон ва хатсайрҳоро торафт афзун менамояд. Инак, дар пойтахт боз як хатсайри нав пайдо шуд ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд минбаъд аз хизматрасонии автобусҳо дар ин самт бе малол истифода баранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 12-уми апрели соли 2022, дар заминаи хатсайри микроавтобуси №15, хатсайри нави автобусии №15 (Маҳаллаи 103-юм- шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур) ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои М. Шерализода, Б. Ғафуров, Шамсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, А. Дониш, Д. Халқҳо ва шаҳракҳои 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат меккунанд.
Ҳукумати шаҳр аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “KING LONG” дар ин масир истифода бурда, роҳкироро тариқи корти нақлиётӣ пардохт намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД