Ҳамасола 23-юми май Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву донишазхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳама гуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Маҳорати Ёсуман мардуми Русияро дар ҳайрат гузошт
Замоне ҳушмандӣ ва истеъдоди ғайриоддии Ёсуман Исмонзода мардуми Русияро дар ҳайрат гузошту барои маҳорати ин духтари тоҷик ширкаткунандагони барномаи "Удивительные люди" аз ҷо бархоста, барояш каф кӯфтанд.
Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқулодаи зеҳнии худ доварони барномаро дар ҳайрат гузошт. Зеро ӯ ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро зарбу тақсим кунад. Ӯ гуфта буд, ки “ман аз 12-солагӣ дар Омӯзишкадаи риёзии зеҳнии Душанбе таҳсил мекунам".
Ёсуман дар толори васею барҳаво бо мӯйҳои бофта ба саҳна баромаду доваронро ҳам бо зебоии зоҳирӣ, ҳам бо тавонмандии зеҳнии худ дар ҳайрат гузошт.
Истеъдоди Фаррух доваронро қоил кард
Фаррух Ҳасанов, яке аз ҷавонҳои муваффақ аст, ки санъати тоҷикро бори дигар муаррифӣ намуд. Ӯ тирамоҳи соли 2023 дар барномаи “Ну-ка, все вместе!», ки аз тарафи телевизоени Русия баргузор шуда буд, бо гирифтани 96 бал имтиёзҳои зиёдро ба даст овард.
Фаррух Ҳасанов 20-уми июли соли 1998 дар Душанбе таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст. Аз хурдӣ дар самти суруду мусиқӣ шавқи беандоза дошт, вале ба хотири беҳтар гаштани зиндагӣ хост забонҳои хориҷиро омӯзад ва ҳамин тавр ҳам кард. Ӯ донандаи занбонҳои русӣ, анлисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ мебошад.
Истеъдоди Фаррух Ҳасанов доваронро қоил кард. Дар давраи ҳалкунандаи финалӣ ӯ таронаи хити Аркадаро аз репертуари Дункан Лоуренс - ғолиби “Евровидения 2019” ба таври касбӣ ва ҳатто олӣ иҷро кард ва ҳарифаш Ваагна Минасянро мағлуб карда, бо гирифтани 99 хол ба даври нимфиналии лоиҳа роҳхат гирифт.
Ёсуман Розиқова - “Беҳтарин олими ҷавон дар соли 2023”
Ёсуман Розиқова, хонандаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ҷоизаи озмуни «Беҳтарин олими ҷавон-2023» гардида буд. Озмуни «Беҳтарин олими ҷавон-2023» байни донишҷӯёни муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Русия доир гардида, дар асоси хулосаи комиссияи озмун дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ ғолиб гардид ва соҳиби дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагии «Беҳтарин олими ҷавон-2023» шуд.
Абдурозиқ тоҷикро дар Ҳинду Аврупо бештар муаррифӣ намуд
Абдурозиқ Эгамов, ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ, овозхони ғайриоддии тоҷик имрӯз дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳанӯз замони мактабхонӣ Абдурозиқ дар бозори Панҷакент сурудхонӣ намуда, мухлисону ҳаводорони зиёдро дар минтақаи хеш пайдо карда буд. Чор сол пеш аввалин видеои ӯ ба “Ютуб” роҳ ёфт ва нахустин клипаш, ки дар Қалъаи Ҳисор, бо суруди “Эй акси рухат” наворбардорӣ шуда буд, дар муддати хеле кӯтоҳ ӯро ба олами шоу- бизнеси тоҷик ворид намуд. Имрӯз Абдурозиқ дар кишварҳои бузурги аврупоӣ санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд ва бо забонҳои англисӣ ва ҳинду суруд мехонад. Чанде қабл ӯ дар саҳифаи инстаграмаш аз хонадоршавиаш хабар дода буд, ки аксари ҳаводоронаш табли шодӣ заданд. Вале гурӯҳи хурде суханҳое навиштанд, ки баъдан Абдурозиқ муроҷиати видеоӣ намуда, гуфт, ҳамаи суханҳои обуначиҳоро хонаводаи арӯсшавандааш мехонанд ва шарҳҳои нохуб ба ҳолати равонии ӯ таъсири манфӣ мегузорад.
Чоршанбе Аловатов - парчамбардор тоҷик дар ҷаҳон
Чоршанбе Аловатов аз ҷумлаи ҷавонҳои тоҷик аст, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бо садои марғуладораш бори дигар муаррифӣ намудааст. Ин ҳунарманди ҷавони тоҷик чанд сол қабл ғолиби озмуни Central Asia’s Got Talent дар Гранд гардид. Чоршанбе Аловатов парчамбардори Тоҷикистон натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон гардид. Барномаи Шоу Central Asia’s Got Talent махсус барои сокинони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Лоиҳа аз 5 давр иборат буда, гранд-финал марҳалаи ниҳоии он буд. Ҳунарманди ҷавони мо Чоршанбе Аловатов дар ин озмун ғолиби №1 гардида, дар ҳаҷми 10 000 000 тенге мукофоти пулӣ ба даст овард. Ғолибияти ҷавони тоҷик дар чунин озмуни баландпоя бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ганҷҳои бешумор дорад ва яке аз чунин конҳои ганҷ ин истеъдодҳои ҷавони он мебошанд.
Чоршанбе аз хурдсолӣ ба фалаксароӣ шавқу рағбати зиёд дошта, аввалин сурудашро низ дар ҳамин жанр сурудааст. Соли 2011 ӯ дар озмуни “Овози тиллоӣ” ширкат варзида, ғолиб омада буд. Пас аз ин соли 2014 Чоршанбе дар озмуни “Шукуфаҳои пойтахт” комёбӣ ба даст овард. Соли 2017 бошад, ғолиби фестивал-озмуни “Парвин” гашт.
Ин ҷавони боистеъдод ба ғайр аз сарояндагӣ ҳамчунин ҳунари навозандагӣ дошта, гитор, сетор, дутор, ғижжак, танбӯр, рубоб ва таблак менавозад.
Чоршанбе Аловатов писари ҳофизи машҳур Ақназар Аловатов буда, 7-уми феврали соли 1998 дар ВМКБ, дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Вай то синфи 5 дар шаҳри Хоруғ таҳсил намуда, баъд аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе таҳсилро дар мактаби №72-и пойтахт давом додааст.
Ёдрас шудан аз муваффақиятҳои ҷавонони тоҷик дар Рӯзи ҷавонон шаҳодат аз он медиҳад, ки дастгириҳои Ҳукумат ва махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди онҳо беназир аст. Сарвари давлат маҳз дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар 22-юми декабри соли 2016 ба масъалаи саҳм ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи кунунии Тоҷикикстон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардад, ки ин пешниҳод дар байни мардум гарм пазироӣ шуда, ҳамовозии кулли сокинони кишварро пайдо намуд.
Бори дигар Рӯзи ҷавонон муборак бошад!