Ду сокини вилояти Суғдро, ки барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ба хориҷа рафта буданд, ба Ватан баргардониданд.
Раёсаи корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки Давронбой Каримови 23 – сола аз ноҳияи Деваштич ва Илҳомҷон Шодиеви 26 – сола аз ноҳияи Зафаробод пас аз гирифтани даъватнома ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, ба хориҷа рафтанд.
Нисбат ба Каримов моҳи сентябри соли 2023 ва нисбати Шодиев моҳи апрели соли 2022 бо гумони саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.
“3-4 маротиба даъватнома равон карданд, омада натавонистам. Нисбатам парванда кушодаанд. Баъди ин панҷ моҳи дигар кор карда, аз хориҷа омадам. Акнун ба хизмати ҳарбӣ меравам”, – гуфт Илҳомҷон Шодиев дар барномаи "Милитсия хабар медиҳад".
Давронбой Каримов иқрор шуд, ки моҳи апрели соли равон даъватномаро шахсан қабул кард, вале дар рӯзи сафарбаркунӣ ҳозир нашуд.
“Бо ҳамин сабаб нисбатам парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. Аз карда пушаймонам. Аз ин рӯ, омодаам қарзи шаҳрвандиамро иҷро намоям”,- гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ки напазируфтани даъвати коммисариати ҳарбӣ ҷиҳати хизмати ҳарбӣ ва бо мақсади озод шудан аз уҳдадории ҳарбӣ тарки ватан кардан гумонбаронро ҷавобгар кардааст.
“Ҳол он ки Каримов ва Шодиев ҳамчун ҷавонони солиму қобили хизмат имкон доштанд, ба номи худ доғ наоварда, қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд”, – гуфта шуд дар гузориш.
Нисбати ин ду ҷавон барои бо хоҳиши худ ҳозир шудан ва пушаймонӣ аз гуноҳи содиршуда парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст ва онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд.
Бояд гуфт, ки бе асосҳои қонунӣ саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ тибқи талаботи моддаи 343 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.