gazprom august 2025
Ҷавони тоҷики дар Пенсилвания маҷруҳшуда даргузаштааст
292

Як навҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар занозание дар иёлоти Пенсилванияи Амрико сахт маҷруҳ шуда буд, даргузаштааст. Дар ин бора сокинони аёлат ва блогерони тоҷики муқими Амрико хабар додаанд.

Барои маросими ҷаноза ва дафни ӯ дар вебсайти хайрияи “Gofundme” саҳифае боз карда ва аз мардуми муқими Амрико хостаанд, ки ба қадри тавонашон ба волидайни Муҳаммадазиз Раҳматзода кумак кунанд. Навҷавони тоҷик шаби 14-уми август дар як занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания аз сараш сахт осеб дид.

Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ маълумоте нест ва таҳқиқи қазия идома доштааст.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино ба маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Падари ҷавони марҳум - Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД