Як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия дар сохтмон кор мекардааст, аз ошёнаи 5-ум афтида, зинда мондааст. Дар бораи ин ҳодисаи мӯъҷизавӣ нашрияҳои русӣ хабар додаанд...
Ба иттилои нашрияи “МК-Камчатка“ ҳодиса соати якуними шаби 8-уми апрел рӯй дода, як ҷавони 22-солаи тоҷик аз қабати 5-уми сохтмони бинои нави бемористони Камчатка дар кӯчаи Окружнаяи шаҳраки Крутобероговий ба замин афтодааст.
Хушбахтона, бо инояти Худованд ҷавон аз чунин баландии марговар афтода бошад ҳам, зинда мондааст. Айни замон ин муҳоҷири тоҷик бо ҷароҳатҳои вазнин дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) таҳти назорат ва табобати табибон қарор дорад, вале ному насабаш нашр нашудааст.
Ташхис нишон додааст, ки муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи сар, мағзи сар ва ронҳояш ҷароҳатҳои вазнин бардошта, устухонҳои фарқи сар, сутунмуҳра ва камараш шикастаанд. Вазъи саломатии ҷавон вазнин арзёбӣ мешавад.