Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Панҷакент ҳолати дуздии чорво ошкор шудааст.
Гумонбар Саримсоқов Мансурҷон Баҳодирович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент буда, қаблан бо қисми 2-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст. Муайян шудааст, ки номбурда 21-уми июли соли 2026, тахминан соати 14:00 аз заминҳои саҳроии маҳаллаи «Каволла»-и шаҳри Панҷакент як сар говро, ки арзишаш 20 ҳазор сомонӣ будааст, дуздидааст.
Нисбати ӯ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.