Уилям Ҷеймс Сидис одами аз ҳама қобилиятноки асри XX эътироф шудааст. Дараҷаи IQ - и ӯро 300 муайян кардаанд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин аст.
Сидис соли 1898 дар шаҳри Ню-Йорк ба дунё омадааст. Волидонаш – Борис Сидис ва Сара Манделбаум, ки яке доктори илмҳои фалсафа ва дигаре духтур буданд, хостанд Уилямро дар хона, бо истифода аз методҳои худашон омӯзиш диҳанд.
Кӯдак дар 18 -моҳагӣ навишта метавонисту маводи рӯзномаи “The New York Times” -ро мехонд. Дар 8-солагӣ соҳиби 2 китоб буду 8 забони хориҷиро медонист. Баъдан ба донишгоҳи Ҳарвард ҳуҷҷат супурд ва хурдсолтарин донишҷӯ дар таърих гашт.
Баъди 1 сол донишаш дар самти математикаи олӣ ба ҳадде расид, ки ӯро барои лексияхонӣ ба клуби математикаи донишгоҳ даъват карданд. Баъдан зиёда аз 40 забони дунёро омӯхт. Мақолаҳои илмиаш пайваста нашр мешуданд. Дар 46-солагӣ аз сактаи мағзи сар даргузашт.