new banner new years
Ҷавоне, ки дар як озмуни байналмилалӣ ду ҷоиза гирифт
1215
Ҷавоне, ки дар як озмуни байналмилалӣ ду ҷоиза гирифт

Умедҷон Амонӣ, яке аз ҷавонони муваффақи кишвар, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи Гран прии озмуни байналмилалии “Адабиёти Осиё-2023” дар бахши наср ва сазовори ҷойи сеюми озмуни мазкур дар бахши назм гардид.

Озмуни байналмилалии “Адабиёти Осиё-2023” аз ҷониби Қазоқистон бахшида ба 800-солагии Султон Байбарс ва 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатии Қазоқистону Миср ва Тоҷикистон доир ва ҷамъбаст гардид.

“Ман бо роҳнамоии устод Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, дар ин озмун иштирок кардам, ки он аз ҷониби ҳавзаи адабии қаламрави Шарқ баргузор шуд. Банда маводҳои илмиву тадқиқотии худро дар соҳаи адабиёт, ки асосан маҷмӯи мақолаи таҳқиқотию таҳлилӣ ва маҷмӯи ашъори ватандӯстонаи камина буд, пешниҳод карда будам”,-гуфт Умедҷон зимни суҳбат бо сомонаи “Оила”.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки ин озмуни байналмилалӣ аҳли илму адаб ва кулли соҳибдилони бахши назму насрро ба ҳам овард. Хушбахтона, ӯ дар бахши насри ин озмуни бонуфуз барандаи Гран При гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Умедҷон Амонӣ барандаи ҷоизаи “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ - 2023” дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ гардид ва бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагӣ мукофотонида шуд.

Ҳамзамон, вай дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҳан-Жоу иштироки фаъолона намуда, барандаи шоҳҷоизаи ин озмун гардид ва роҳхат барои сафар ба Ҷумҳурии мардумии Чинро ба даст оварда буд.

Умедҷон 6-карата барандаи Стипендияи Президентӣ мебошад ва айни замон тариқи фосилавӣ дар яке аз донишгоҳҳои Туркия маълумоти дуюм гирифта истодааст. Ҳамчунин, ӯ шоири навқалам аст ва Фарзонаро устоди худ дар назм медонад. То имрӯз як китобаш таҳти унвони “Ғунчаи умед” аз чоп баромада, алҳол омодагӣ ба нашри китоби дигарашро дорад.

Умедҷон Юнусалиев (Амонӣ) иштирокчии даврҳои 1, 2, 3-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» буда, бо диплому туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардидааст. Вай мегӯяд, ки бо мутолиаи асарҳои насриву назмӣ сазовори зиёда аз 25 ҷоизаи хурду бузург шудааст. Аз ҷумла, чанде пеш дар як олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоиза гардид ва роҳхати сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба даст овард.

Айни ҳол, Умедҷон Амонӣ, роҳбари маҳфили “Адибони ҷавон"-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД