Formula novemver 2024
Ҷавоне, ки аз дандони фил шамшер ва ханҷар месозад
884

Бахтиёр Мирзоеви 33-сола аз кордсозони машҳури тоҷик аст. Ӯ зодаи шаҳри Истаравшани бостонӣ буда, дар хонаводаи ҳунармнадони маъруфи ин диёр ба дунё омадааст.

Бахтиёр ба ҳунари кордсозӣ аз хурдӣ рӯй овардааст. Падараш усто Иброҳим Мирзоев кордҳои ҳархела ва ханҷару шамшер месохту Бахтиёр чашм аз гирумони падар накарда, нозукиҳои ин ҳунари қадимаро аз худ мекард. Ба ҳаимн васила бо мурури замон аз асрори ҳунари кордгарӣ огоҳ шуд.

Бино ба қавли худи Бахтиёр Мирзоев, пешаи кордсозӣ аз ҳафт пушташ мерос мондааст ва онҳо то имрӯз кӯшиш мекунанд, ки бо сохтани шамшер ва ханҷарҳои хеле зебову мунаққаш рӯҳи гузаштагонашонро зинда нигоҳ доранд.

"Кордсозӣ то ба имрӯз аз насл ба насл ва аз устод ба шогирд ҳамчун мерос омадааст. Ҳунармандони ҳар давр ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда ба он навгониҳо ворид кардаанд, масалан чидани сангҳои ҷилодор ё мискориву нуқракорӣ дар даставу ғилофи корд дар замонҳои гуногун пайдо шуда то ба замони мо расидааст. Аз ин лиҳоз ман тасмим гирифтам, ки дар рӯйи кордҳои армуғонӣ миниатюра ва нақшу нигори миллиро тасвир намоям. ,"-шарҳ дод ин ҳунарманди ҷавон.

Ба қавли ӯ ба корди дастисохт дар ҳама давру замон талабот буд ва имрӯз низ бо вуҷуди будани кордҳои ба истилоҳ чинӣ мизҷонашон зиёанд.
Кордҳои Бахтиёр Мирзоев бо услуби қадимаи шарқиёна сохта шудаанд. Ӯ барои зебо ва диққатҷалбкунанда шудани корд ва шаршеру ханҷарҳояш аз мис, нуқра, устухони гов, дандони фил ва шохи бузи кӯҳию гӯсфанди маркополо истифода мебарад.

Ин ҳунарманди ҷавон барои кордҳои сохтааш ғилоф низ омода мекунад. Вай барои сохтани ғилоф аз чӯб, пӯлод, шох ва баҳри ороиш аз мису нуқра ва рангҳои табии дастисохт истифода мебарад. Аксари ғилофҳое, ки аз шоху чӯб омода гардидаанд бо кандакорӣ оро дода шудаанд.

Қаҳрамони мо пайваста талош меварзад, ки дар эҷодиёти худ навгоние ворид созад. Бахтиёр мегӯяд, агар ҳунарманд аз рӯйи як қолаб фаъолият барад, муваффақ шуда наметавонад. Аз ҳамин хотир қаҳрамони мо рӯйи корд ва ғилофҳои шохӣ (шамшер, ханҷар) миниатюраҳо мекашад. Ӯ дар рӯйи корд ҳамлаи паланг ба галаи оҳувонро хеле моҳирона тасвир кардааст.

Дар корду ханҷарҳои ин ҷавони ҳунарманд нақшу нигори миллӣ ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон низ тасвир ёфтаанд, ки дар ҳунари кордсозӣ падидаи нав мебошад.

Бахтиёр Мирзоев то имрӯз дар озмуну фестивал ва намоишҳои зиёди байналмиллалӣ ширкат варзидааст. Ӯ ба сифати ҳунарманд ба Русия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва даҳҳо кишварҳои Осиёу Аврупо рафта, ҳунарҳои миллии халқамонро муаррифӣ намудааст. Ба гуфти худи қаҳрамонамон, хориҷиҳо кордҳои дастисохти тоҷикро хеле дӯст медоранд, зеро ин кордҳо дар сифату зебоӣ ҳамто надоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД