35 years of independency
Ҷавон бо гумони таҳдиди куштани модараш боздошт шуд
18.09.2026
Oila.tj
186

Як сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии модари 67-солааш боздошт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки Абдуҷалол Ҳакимов шаби 15 ба 16-уми август дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии модараш рафтааст. Ба иттилои вазорат, гумонбар «бинобар нофаҳмиҳои оилавӣ» бо истифода аз корд модарашро ба куштан ё расонидани зарари вазнин таҳдид кардааст. Мақомот ҷузъиёти нофаҳмиҳои оилавии байни модару писарро шарҳ надодаанд. Ҳамчунин, мавқеи Ҳакимов дар робита ба иттиҳоми мазкур маълум нест.

Аз рӯйи ин ҳолат нисбати ӯ бо гумони содир намудани ҷинояти дар моддаи 120-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Тибқи ин модда, барои таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ҷазо то ду соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД