Arzon march 2024
Ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
452

Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳо то 33 дараҷа гарм мешавад.  Дар ин хусус Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳаво тағйирёбанда буда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД