Arzon march 2024
Ҷавобгарӣ барои лайк аз байн бардошта шуд
407

Минбаъд шаҳрвандон барои лайк гузоштан дар зери мавод ва наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Дар ин бора “Садои мардум” хабар додааст.

Тибқи иттилои нашрия, рӯзи 10-уми апрели соли 2025 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар ҷаласаи аввалини ҳайати нав лоиҳаи қонунро дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, ки тибқи он минбаъд барои лайк гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахс зери таъқиби ҷиноятӣ қарор намегирад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Умед Каримзода пешниҳод гашта, аз парлумон хоҳиш карда шудааст, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои лайк гузоштан дар зери навор ва маводҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, пурра бекор карда шавад.

Дар тағйироти пешниҳодшуда гуфта мешавад, ки ба моддаҳои 179(3) ва 307(1) илова карда шавад, ки «ғайр аз ҳолатҳои тасдиқ (лайк гузоштан ва ё нишонаи дигар)».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД