Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шикояти як модари тоҷикро дар хусуси он ки ду ҷавон писарашро бераҳмона лату кӯб кардаанд, мавриди тафтиш қарор дода, яке аз муҷримонро пайдо кард...
Ҳодиса соати 22-и рӯзи 24-уми апрел сар зада, дар назди мағозаи хӯроквории «Изюм» дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду ҷавон савдогари ин мағоза Шарифов Алиҷонро бераҳмона лату кӯб кардаанд.
Дар рафти санҷиш муайян шудааст, ки гумонбар Салимҷон Салимов, ҳамчун тақсимкунандаи маҳсулоти хурокворӣ фаъолият намуда, соҳибмулки мағоза аз ӯ қарздор будааст. Салимов бо мақсади бозпас гирифтани маблағ ба мағозаи «Изюм» рафтааст, аммо байни ӯ ва фурӯшанда Шарифов Алиҷон моҷарои лафзӣ ба миён омада, ҳамдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд.
“Гумонбаршаванда ҳамроҳи ҳаммаслакаш, бо ҷабрдида муноқиша намуда, ӯро зери мушту лагат гирифтааст. Алиҷон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ карда шудааст”-менависад манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 237 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ҷиҳати дастгир намудани нафари дуюми гумонбаршаванда идома доранд.