Sebiston new 2024 october
Атсаю сулфа намозро мебурад?
02.03.2022
Оила
2279

Қариб як ҳафта боз дар даҳот боз барқро хомӯш мекунанд ва хонаҳо чунон хунук мешаванд, ки бадани кас ба ларза медарояд. Намедонам таъсири ҳамин хунукии хонаҳо буд ё ивазшавии мавсим, ки аҳли оилаи мо якбора ҳама ба бемории зӯком гирифтор шудаанд. Сулфаю атса оромамон намегузрад, вале кӯшиш мекунем, ки қарзи худро ба ҷо оварда, аз ибодати Парвардигор дар канор намонем. Аксар вақт дар болои ҷойнамоз маро сулфа мегирад ё пай дар пай чанд атса мезанам, аз ҳамин сабаб дар дилам шубҳа пайдо шудааст, ки оё намози мехондаам дуруст бошад. Донистан мехоҳам, ки атса ва сулфа намозро мебурад ё не? Пас аз атса задан ё сулфидан давоми сураро хондан лозим аст ё бояд намозро аз нав хонем?
Суҳроб аз н. Рӯдакӣ
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Бародари азиз, хуб мекунед, ки ба бемориатон нигоҳ накарда, ибодати худовандро ба ҷо меоред. Маризон дар гирифтани рӯза имтиёз доранд, вале то дами маргаш одами мӯъмину мусалмон бояд аз намоз даст накашад. Дар масъалаи сулфаю атса задан бошад, агар шахси ибодаткунанда дар дохили калима атса занад ёсулфад, бояд он калимаро аз сари нав такрор кунад, дар ғайри ин сурат метавонад сураи хонда истодаашро давом диҳад. Аз сари нав хондан ҳам ягон зарар надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД