Атр моддаест, ки бӯи хуш дорад. Вай аз равғанҳои рустаниву ҳайвонот истеҳсол карда мешавад. Онро инчунин ба таври сунъӣ аз маҳсулоти нафтӣ низ омода мекунанд.
Атрҳои аз рустанӣ ҳосилшуда равғанҳои хушбӯй доранд, ки онҳоро аз қисмҳои ҷудогонаи рустаниҳо – реша, пӯстлох, барг, шира ва гули он тайёр мекунанд.
Атрҳое, ки аз равғани ҳайвонот, масалан, аз навъҳои кит ва қундуз мегиранд, ҳамчун маводди мустаҳкамкунандаи атриёт истифода мешаванд.
Равғанҳои рустаниро бо маводди ёрирасон дар спирт маҳлул мекунанд ва ба шишаҳои махсус барои истифодабарӣ мерезанд.