tobiston
Қатар раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор намуд
379

Давлати Қатар барои таҳкими ҳамкориҳои дӯстона ва рушди сайёҳӣ раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард.

Ба иттилои расонаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд бидуни дарёфти раводид ба давлати Қатар ворид шаванд ва то 30 рӯз дар он ҷо иқомат намоянд.

Ин иқдом дар доираи сиёсати дарҳои боз ва рушди сайёҳии Қатар то соли 2030 сурат гирифта, ин кишвар мехоҳад шумораи сайёҳонро ба беш аз 7 миллион нафар расонад. Қатар чунин низомро бо 102 кишвари дунё роҳандозӣ намудааст.

Ҷониби Тоҷикистон низ бо ҳамин тартиб - бераводидӣ барои шаҳрвандони Қатар амал мекунад. Ин тасмим метавонад заминае барои муносиботи наздиктару дӯстона ва равнақи сайёҳӣ миёни ду кишвар гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД