Sebiston new 2024 october
ҲАСУД Қисми 5
1372

Идомааш ...

- Ба орзуятон расидед?

- Маликахон магар орзуи ту ҳам набуд? Магар фаромӯш кардӣ?

- Не, фаромӯш накардам, - Чиркинак бархоста аз дасти Малика гирифт ва дар паҳлӯи модар шинонд, - дар орзуи ана ҳамин хел рӯзҳо будам, ки ҳарсе дар як ҷо хушбахт бошем. Ман имрӯз хушбахтам, дилбар дар канор дорам ва модарам моро якҷоя мебинад.

Модар аз пешонаи писар ва сипас Малика бӯса кард.

Қариб шаш моҳи дигар модар муолиҷа гирифт, зимистон паси сар шуд. Сабзаҳо дамиданд, бодому зардолу гул кард. Модар назди дарахт рафта, ба оруи гирди гул парвоздошта менигарист. Ин лаҳзаҳоро ӯ бениҳоят дӯст медошт, алалхусус вақте занбӯри асал болои гул менишасту бо ҳаракатҳои ҷолибаш ҳар бинандаро сеҳр мекард. Имрӯз ҳам метавонад аз парвози ору ва накҳати баҳор ҳаловат барад.

Малика бо Чиркинак дар бозор савдо мекунанд. Имрӯз якшанбе, савдо хуб бояд шавад. Ҳар бегоҳ худи тоҷир онҳоро то хонаи профессор мерасонад, вале то ҳол меҳмон нашудааст. Аз рӯи гуфти писараш, имрӯз бояд тоҷир дар хона бошад. Дастурхони калон меороянд, профессору ҳамсараш, ду фарзандаш, Маликаву писараш ва худи тоҷир. Дар деги калон палав мепазад, хӯришҳо омода мекунад...

Ҳамсари профессор аз ҳама барвақт аз кор баргашт, дар оро додани дастурхон кӯмак кард. Дарвозаро кушода Чиркинак вориди ҳавлӣ шуд. Табақаи дуюми дарвозаро Малика кушод. Тоҷир мошинро то миёни ҳавлӣ ронда омад. Дар болои мошин гиреҳи аз лентаи сурх пештар омодакардаашро гузошт. Чиркинак низ дар ҳайрат буд, ки ин чӣ хосият аст. Профессор велосипедашро дар назди дарвоза гузошта, мошини дар мобайни ҳавлӣ бударо дида ҳайрон шуд.

- Ин чӣ намоиш? - пурсид аз Чиркинак.

- Ман ҳам намедонам, - китф дарҳам кашид ӯ ва профессорро назди мизи пурнозу неъмат даъват кард. Профессор бо тоҷир гарм аҳволпурсӣ кард ва дар паҳлӯяш нишаст.

- Бубахшед, имрӯз зодрӯзи ягон шахс аст, ки ман хабар надоштам?

- Имрӯз зодрӯзи модарам аст, ки бори дуввум чашм кушод, - гуфт Чиркинак, - бо мадади Худованд ва ба шарофати донишу маҳорати шумо модарам гӯё аз нав зода шуд.

Тоҷир аз ҷо бархоста калиди мошинро дар дасти профессор супурд:

- Ин барои заҳматҳоятон!

Профессор бастаи калидҳоро гирифт ва аз назар гузаронд.

- Лозим нест, ман сазовори ин гуна тӯҳфаи гаронбаҳо нестам. Бар замми ин ҳуқуқи ронданро ҳам надорам.

- Агар хоҳед дар як ҳафта ронданро меомӯзонем ва ҳуқуқро соҳиб мешавед. Агар не, як ронандаи пуртаҷрибаро мефиристам, дар хизмати шумо хоҳад буд.

- Лозим нест, ҳатто намедонам чӣ гӯям, - профессор гоҳ ба калид менигаристу гоҳ ба мошин, - ман вазифаамро адо кардам, ягон қаҳрамонӣ накардам...

- Аз ҳамин рӯз эътиборан мову шумо бародар! - тоҷир дасти профессорро боз як бори дигар фишурд, - ба дастурхон даъват кунам ё шумо даъват мекунед?

- Ман бояд даъват мекардам, - профессор табассум кард, - ман ҳоло ҳам дар худ нестам.

- Шумо танҳо ба заҳматҳои кашидаатон розӣ бошед!

То як поси шаб сӯҳбат қӯр гирифт, аз ҳама беш модари Чиркинак хомӯш буд. Гоҳ-гоҳ ба тоҷир дида медӯхт ва назарашон ба ҳамдигар бармехӯрданд. Модар мешармид дар назди фарзанд ва ҳам аз бахти баргаштааш меболид...

Тоҷирро ҳама баробар то назди дарвоза гусел карданд. Аллакай мошини дигар ӯро мунтазир буд.

- Пагоҳ маро дар назди дӯкон мунтазир шав, писарам, - гуфта тоҷир дар мошин нишаст.

Субҳ аз Чиркинак пештар тоҷир ба назди дӯконаш ҳозир шуд.

- Ман ҳамин занро дар хоб дида будам, - гуфт ӯ, - масъаларо ба модарат фаҳмон, ба мисли ҷавони бистсола ба модарат ошиқ шудаам... Агар розӣ бошад, худи ҳамин бегоҳ рафта модаратро меорем. Бас аст иҷорашинӣ. Хонаи ман - хонаи шумост! Ҳамсаратро гирифта, ту ҳам биё, як оилаи беҳтарин мешавем.

- Ман масъаларо кайҳо бо ӯ маслиҳат карда будам. Модарам розӣ, аммо ман... ким-чӣ хел... Наметавонам баён карда...

- Туро хуб мефаҳмам. Аммо ҳар инсон бояд ҷуфти худро дошта бошад. Модаратро побанди кадом фикру хаёлҳо накун, ваъда медиҳам, ки нисбати туву ҳамсарат падарвор меҳрубонӣ ва муомила мекунам. Ман дигар касе надорам, ки ғамбардорам шавад. Маро аз мукофоти Худованд бенасиб нагардон...

Тоҷир оғӯш кушода Чиркинакро ба канор гирифт.

- Имрӯз бегоҳ маслиҳат мекунем, рищоияти аз хонааш рафтани профессорро мегирем. Ҳар чӣ набошад, дар ҳавлии ӯ бештар аз як сол зистем. Ба шумо бародархонд шуд, ба ман мисли амак аст.

Рафтани мизоҷро шунида профессор ба риқкат омад.

- Шумо бароям хоҳар шудед, ҳар гоҳ метавонед меҳмони хонадони мо бошед, нури дида. Мо шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.

Маросими никоҳи модар худи бегоҳ доир гардид, аз чӣ бошад, ки Чиркинак худро бори аввал танҳо эҳсос кард. То субҳ дар паҳлӯи Малика нишаст. Сар ба зонуи Малика мемонду ба андеша мерафт. Тасаввур карда наметавонист, ки модар мисли наварӯсон гашта бошад.

Субҳ садои хандаи модарашро бо тоҷир шунида ба берун баромад. Модараш аз нав ҷавон гаштааст, чашмонаш медурахшиданд, чашмоне, ки солҳо танҳо ғамро диду кулфатро ва ниҳоят кӯр шуд.

- Хона хабаргирӣ меравам, - гуфт ба модараш.

- Чаро якбора?

- Хонаро пазмон шудам. Малика ҳам волидонашро пазмон шудаст.

- Кори савдо чӣ мешавад, писарам? - пурсид тоҷир.

- Пагоҳ бармегардем. Имшаб дар хонаи Малика меҳмон мешавем.

- Ихтиёрат, - гуфт модар аз рухсораи фарзанд бӯсида.

Чиркинак Маликаро ҳамроҳ бурд. Мошинро дар назди дари хонаи Малика нигоҳ доштанд. Чиркинак Наззора-холаро бо асо дида ҳайрон шуд. Ба наздаш рафта салом дод.

- Ту кистӣ? - пурсид хола.

- Магар нашинохтед? Ман Музаффар, вале ҳама маро Чиркинак ном мебурданд.

- Чиркинак? Ту зиндаӣ? Ман туро намебинам, ман ҳеҷ чизро намебинам, кӯр шудаам.

- Барои чӣ? Чӣ хел якбора?

- Бист сол шуд.

- Хола, мо соли гузашта рафтем, чашмони шумо сиҳат буданд. Лаълӣ-хола сиҳат ҳастанд?

- Лаълӣ-хола? Ӯро каждум аз забонаш газид, афтиду ҷон дод.

Дар бадани Музаффар рашъа дамид. Ин зан аниқ аз ақл бегона гаштааст. Бо ӯ гап мезанаду рӯяш ба девор. Модараш вақте нобино буд, ба самти овоз менигарист.

Маликаро ишора кард, ки ба хона дарояд.

- Заната ёфтӣ?

- Ман ӯро гум накардаам.

- Либосҳои зебо ба бар кардааст, то ҳол назоид?

Музаффар дарк кард, ки кампир ҳамсарашро мебинад. Аммо чӣ тавр? Рӯяш ба девор...

- Чаро маро надидеду Маликаро мебинед?

- Ту худатро бо Малика баробар накун. Малика - малика аст, ту як ифлоси бӯгин.

Музаффар оҳиста аз назди кампир дур шуд.

- Мегурезӣ - а? Ҳа-ҳа-ҳа, чиркинаки пойлуч...

Музаффар дарро аз пасаш пӯшида вориди ҳавлӣ шуд, модарарӯсаш оғӯш кушода, наздаш шитофт.

- Ин қадар ҷавони зебо шудаст Музаффарҷон, қоматакота садқа. Мурдем шуморо пазмон шуда. Як дақиқа сабр кунед, падаратон ҳам меоянд. Ба хонаи Лаълихон фотеҳахонӣ рафтанд.

- Лаълӣ-хола фавтиданд?

- Се рӯз шуд, раҳматӣ кому забонашон варамида нафас гирифта натавонистаанд.

Музаффар аз ҷо бархост.

- Ман ҳам бояд дар ҳаққи кампир дуо хонам, тоқӣ доред?

Малика як тоқии рангпаридаи падарро бароварда дар сари Музаффар пӯшонд.

Назди дарвозаи Лаълӣ-хола чанд ҷавон бо ҷомаи сиёҳ меистод. Баробари ба онҳо наздик шудан, ҳама даст пеши бар гирифта рост шуданд.

- Биёянд Раис.

Музаффар ба пасаш нигарист, гумон кард, ки Раис ҳам аз паяш меояд, вале касе набуд.

Вориди ҳавлӣ шуда назди кате, ки барои мӯйсафедон омода карда буданд, рафт ва амонат нишаст. Сар хам карда истод, то ягон шахси бузургтар дуо хонад. Яке аз нишастагон бо садои ҳофизона ба тиловати сураи "фотиҳа" оғоз кард. Ин садои падарарӯсаш буд, ки форам ба гӯш мерасид. Дар пайравӣ ба падарарӯс ва мӯйсафедон, Музаффар низ даст ба рӯ кашид.

- Омин!

Сипас бархоста бо ҳамагон дастфишорӣ кард. Падарарӯсаш бошад, аз кат фаромада, пойлуч оғӯш кушода омад.

- Омадед, писарам? Ман ҳозир мебароям, - ва кафшашро пӯшида ҳамроҳи Музаффар ба кӯча баромад. Бо ҷавонони дар назди дарвоза қарордошта низ гарм аҳволпурсӣ кард.

- Хуш омадед, раис

- Худованд раҳмат кунад!

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД