Ҳунарманди асил, санъаткори нотакрор, мутриби чирадаст Дилшод Раҷабов 2-юми марти соли 1986 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба санъат шавқу рағбати зиёд дошт ва ҳангоме, ки ба навозандаги шурӯъ кард, ҳамагӣ дар синфи панҷ таҳсил мекард.
Инак, қариб 24 сол мешавад, ки дар ин пайроҳа қадам ниҳода истодааст ва боре аз пешаи интихобнамудаи худ пушаймон нашудааст.
Аз соли 2008 то инҷониб Дилшод Раҷабов дар ансамбли "Ориё" - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси навозанда дар созҳои нафасӣ кору фаъолият мекунад. Дар тамоми чорабиниҳо, барномаҳои консертии давлатӣ, рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар дигар давлатҳо иштироки фаъолона дорад.
Соли 2012 озмуни "Беҳтарин навозиш" миёни навозандагон баргузор гардид, ки дар он озмун Дилшод Раҷабов бевосита ғолибиятро ба даст овард ва бо дипломи дараҷаи аввал сарфароз гардид. Ӯ боз соҳиби як қатор диплому сипосномаҳои дигар низ ҳаст.
Дилшод Раҷабов бо ҳунарманди ҷавону шинохтаи тоҷик Муҳаммадрафӣ Кароматулло дӯстии беш аз 20-сола дорад. Пайваста дар ҷашну маъракаҳо, чорабиниҳо ва консертҳо якҷоя баромад мекунанд. Ба қавле Дилшод Раҷабов дар сурудҳои дилнишину ҷаззоб ва фораму дилтасхиркунандаи Муҳаммадрафӣ Кароматулло боз ҳам ҷолибияти дигарро бо навозиши худ зам мекунад.
Дилшод Раҷабов бо навозишҳои худ ба монанди "Ситораи ман", "Танҳо шудам танҳо", "Ҷони ман", "Аҷаб дунёст ин дунё", "Ту ҳам ёде бикун аз ман", "Султони қалбам" ва як қатор навозишҳои мусиқиҳои руси, англисӣ ва ҳиндугӣ миёни мардум шӯҳрати хоссаро касб намуд. Дар репертуари Дилшод Раҷабов дар баробари навозишҳои якка кам нестанд навозишҳои дуэти бо дигар навозандаҳо офаридашуда. "Instrumental" (аккардеон ва саксафон) бо Муҳаммадрафӣ Кароматулло, "Дилошно" бо Нуралӣ Шерматов, "Ишқи руҳафзо" бо Сорбон Олимов, "Despasito" бо Муҳсиддин Мирзоев аз ҷумлаи оҳангҳои ҷолибу тасхиркунандае ба шумор мераванд, ки ҳунарманди маҳбуб бо як маҳорати хос иҷро менамояд.
Аҳли эҷоди “Оила” дар якҷоягӣ бо мухлисони сершумор ба Дилшод Раҷабов дар фаъолияти эҷодӣ муваффақиятҳои беназирро орзу менамоянд. Бигзор ҳамеша дар ҷодаи санъат чунин пирӯзу саодатманд бошанд.