Formula novemver 2024
Асрори зебоӣ
976

 Бонувоне, ки ба зебоиву таровати пӯсти рӯяшон диққати хоса медиҳанд, хеле хуб медонанд, ки дар фасли тобистон аз малҳами нармкунанда (увлажняющий) истифода бурдан кифоя аст, вале бо фаро расидани фасли тирамоҳ бояд одати худро тағйир диҳед.

Барои он, ки тирамоҳ чеҳраатонро пажмурда насозад, малҳами сабуки тобистонаро ба малҳами ғизобахш (питательный) иваз кунед. Ҳар шом молидани малҳами шабонаро фаромӯш насозед, зеро малҳамҳои шабона қабатҳои пӯстро чуқур ғизо мебахшаду норасоии обро ҷуброн менамоянд. Барои барқарорсозии мувозинаи обӣ дар як рӯз на камтар аз як литр об нӯшед.

Бо намакоб рӯй шӯед

Дар тирамоҳ махсусан дуруст поксозии пӯстро фаромӯш насозед. Саҳарӣ ҳангоми рӯйшӯӣ оби минералӣ ё оби ҷӯшидаро истифода баред. Ба оби пок каме намак андозед (ба як истакон як қошуқча намак). Агар дар пӯстатон доначаҳои хурди сурх бошанд, аз мушкоб барои пӯсти хушк (лосьон для сухой кожи) истифода баред. Ба он асал илова кардан мумкин аст.

Аз скраб истифода мебурда бошед, баъд аз нӯшидани қаҳва дурдаи онро, ки дар таги пиёла мемонад, ба ҷои скраб ба кор баред. Он пӯстро хеле чуқур тоза мекунад. Дар шароити экологияи носолими шаҳр тоза кардани пӯст ва ғизо додани он ниҳоят муҳим аст.

Агар пӯст доғ дошта бошад...

Ба бонувоне, ки пӯсти рӯяшон дар фасли тобистон ҳам сӯхтаву ҳам доғи безеби пигментӣ пайдо кардааст, молидани ниқобҳои сафедкунандаи пӯстро қабл аз хоб тавсия медиҳем. Ҳар саҳар ба рӯятон ҳатман малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молед.

Агар пӯстатон мӯътадил ё хушк бошад, барои сафедкунонии рӯй ниқоби тухму фаллагиро омода созед: зардии як тухм, 2 қошуқча фалла ва 10 қатра перекиси водородро нағзакак аралаш намуда, ба рӯй моледу 10 дақиқа нигоҳ доред, пасон шӯед. Барои пӯсти равғанину омехта (комбинированный) ниқоби бодирингӣ рост меояд.

Бодирингро аз турбтароши сурохиҳояш хурд гузаронида, ба он миқдори баробари арақ андохта, 30 дақиқа нигоҳ доред. Докаеро дар он тар карда ба рӯятон гузореду 20 дақиқа нигоҳ доред, сипас бо оби ширгарм рӯй шӯед.

Нармкунонии пӯст бо ниқоб

Пӯсти сӯхтаву дар офтоб дағалгашта ба ниқобҳо ниёз дорад. Бо истифодаи ниқоби ғизобахши аз сабзӣ омодашуда пӯстро мулоим карда метавонед. Як қошуқча шарбати сабзиро бо як қошуқ маргарини обшуда омехта карда, ба рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ доред.

Дар тирамоҳ ниқобҳо бояд равғани ғизобахшу нармкунанда дошта бошанд, хусусан барои пӯсти хушк. Моҳи ноябр ба пилингҳои гуногун рӯй овардан мумкин аст.

Витамини А истеъмол кунед

Дар ёд доред, ки барои беҳбудии ҳолати пӯст дар баробари нигоҳубини косметикӣ витамини А бояд истеъмол намуд.
Ғизои витаминиро ин тавр тайёр кунед: ғулинг, мавиз, анҷир, чормағз ва лимӯро аз гӯштқимакунак гузаронеду мувофиқи табъ асал илова карда, ба бонкае бардошта, даҳонашро маҳкам кунеду дар яхдон нигоҳ доред. Аз ин ғизои хушбӯй рӯзе як қошуқӣ се бор тановул намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД