Шонатарошӣ яке аз қадимтарин навъҳои ҳунари дастӣ маҳсуб меёбад. Садсолаҳост, ки мардуми Истаравшани бостонӣ нозукиҳои ин касбро ба қавшли маъмул “пушт ба пушт” омӯхта, онро аз насл ба насл мерос мегузоранд. Дар гузашта шонатарош дар Истаравшан хеле зиёд буданд, аз ин лиҳоз кӯчаи калоне ба номи Шонатарошон гузошта шудааст. Имрӯзҳо нафароне, ки ба ин касб шуғл меварзанд ангуштшуморанд. Қаҳрамони мо Абдуваҳоб Воҳидов яке аз куҳантарин шонатароши истаравшанӣ маҳсуб меёбад.
Абдуваҳоб Воҳидов соли 1943 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, аз 15 солагӣ бо шонатарошӣ машғул аст. Қиссаи чи тавр ҳунари шонатароширо омӯхтанашр ба мо чунин нақл кард:
"Ин касби мушкилу нозукро аввал бародарам дар шаҳри Бухоро аз Аюббой ном марди шонатарош омӯхтанд. Баъдан бо гузашти давр ман аз бародарам касби шонатароширо омӯхтам. Мо чандин солҳо дар Бухоро бо шонатарошӣ машғул шудем. Он замонҳо ба ин ҳунар талабот хеле зиёд буд..."
63-сол мешавад, ки Абдуваҳоб Воҳидов аз пушти ҳунари шнатаршӣ нон мехӯрад. Дар ин миён ин марди ҳунарманд муддате бо ташвиқи фарзандон аз шонатарошӣ даст кашид, вале меҳри ҳуқнар боз ӯолиб омад.
" Чанд сол фарзандонам нагузоштанд, ки шонатарошӣ кунам. “Падар, акнун сину солатон рафтааст, бояд истироҳат кунед" гуфтанд, вале чун ба ин касб дилбастагии зиёд дорам натавонистам худро канор гирам"-мегӯяд устои гулдаст.
Маҳсули дасти Абдуваҳоб Воҳидов то Амрикову Руссия ва Чину Ӯзбекистон расидааст. Назар ба гуфти худаш, ҳар сайёҳе, ки вориди Истаравшани бостон мегардад, пеш аз ҳама ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳ менамояд. Албатта маҳсули дастии ин марди ҳунарманд низ аз назари сайёҳон дур намемонад.
Ба қавли Абдуваҳоб Воҳидов шонаҳои сохтаи ӯ хусусиятҳои хосаи худро дошта, сарро маҳс ва асабро ором месозанд ва ба ҳамин хотир сайёҳни хориҷӣ ин шонаҳои чӯбиро харидорӣ менамоянд.
Албатта ҳар нафаре, ки соҳиби ин ё он касб аст, мехоҳад шогирдони худро дошта бошад, то касбашро идома диҳанд, шонатарош Абдуваҳоб Воҳидов ҳам шогирдони зиёд дорад. Яке аз шогирдони машҳури ин устои гулдаст, ки дар фестивалҳои умумиҷаҳонӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаас.т Илҳомҷон Ғаффоров мебошад.
Қаҳрамони мо аз бесабрии шогирдон ва тоб наовардани онҳо ба ин касби мушкил шиква намуда гуфт:
"Афсӯс, имрӯзҳо ҷавононе, ки соҳиби ҳунар шудан мехоҳанд, хеле каманд. Мутаасифона, на ҳар кас ба омӯхтани ин касби душвору заҳматталаб тоб меорад."
Ҳарчанд дар замони муосир рушди технология мавқеи маҳсулоти дастиро танг кардааст, аммо ҳамоно талабот ба ҳунарҳои дастӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ хеле зиёд аст ва мо ба шонатарошим ашҳури истаравшанӣ Абдуваҳоб Воҳидов барори кор мехоҳем!
Абдуғаффор Шодиев