Arzon march 2024
Асрори марги Муқаддас Набиева
12.10.2024
О. НОЗИР
2207

30-юми август аз марги фоҷеавии сарояндаи номвари тоҷик Муқаддас Набиева 45 сол сипарӣ шуд. Ӯ санъати эстрадаи тоҷикро ба таври куллӣ, ҳам дар тарзи иҷро, ҳам дар пӯшидани либос, ҳам дар пластика, ҳам дар ороиш тағйир дод. Ӯ ҳамагӣ 29 сол умр дид, чун хуршеди оламтоб дурахшиду ғуруб кард, вале ному корномааш ҷовидонист.

Варзишгаре, ки дар санъат инқилоб кард

Муқаддас Набиева 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, вале тарбиятгирифтаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад. Азбаски аз ҷавонӣ духтараки чолок ва ҷасуру серғайрат буд, ӯро тез-тез ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мекарданд. Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид. Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид…

Бозёфт аз «Бӯстон»

Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон-1” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. (Он замон аллакай хоҳари калонии Муқаддас Сабоҳат Қосимова ҳаёти худро бо Фаррух Қосимов пайваста, ҳар ду дар санъати тоҷик шуҳратёр шуда буданд.) Роҳбарияти ансамбли эстрадии «Гулшан», ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд.

Шуҳрат дар «Гулшан»

Муқаддас Набиева соли 1974 ба «Гулшан» пайваста, дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл инқилоб кард. Муқаддас дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. «Кӯи ту» (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), «Хуршеди ҳаёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Нури ман» (ғазали Мавлонои Румӣ) «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Зебунисо), «Садои дил» (Аъзам Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам» (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (Сайдалӣ Маъмур) ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд.

Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд. Дар ҳайати «Гулшан» Муқаддас соли 1975 ба Фаронса, соли 1977 ба Полшаю Эстония ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ намуда, нисфи ҷаҳонро қоил кард, вале…

Ошиқи марди оиладор

Суруди «Ситораи ман» ба Муқаддас шуҳрати зиёде овард ва кор ба ҷое расид, ки ҳатто Мирзо Турсунзода ӯро падарвор «Ситораи ман» мегуфт. Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи Шарқ мафтуни садои Муқаддас буд ва орзу дошт, ки ба Тоҷикистон омада, бо ӯ мулоқот намояд.

Суоле сар мезанад, ки оё зиндагии Муқаддас амсоли ҳаёти эҷодиаш ситораборон буд? Магар Муқаддас «Дар фазои ситоразори само» хушбахт буд?

Шоира Латофат Кенҷаева, ки аз соли 1975 дар як хона бо Муқаддас мезист ва дугонаи наздики ӯ буд, мегӯяд:

«Муқаддас аз шавҳари аввалааш ҷудо шуда буд. Вай як писар дошт – Далер, ки дар тарбияи модараш дар Фархор буд. Ӯ писарашро зиёд дӯст медошт ва тез-тез ӯро хабар гирифта меистод. Солҳои охири умраш Муқаддас ошиқ шуда буд, ошиқи шайдо. Ошиқи марди оиладор…» Ишқи ӯ ҳунарманди машҳур Нур буд ва суруди “Эй нури нури нури ман”-ро ба ӯ бахшида буд.  

Ташнаи дидор

Ишқи Нур ва Муқаддас то ҳамон рӯзе давом кард, ки Муқаддас аз дунё рафт. Латофат Кенҷаева, ки хотироти худро дар бораи Муқаддас таҳти унвони «Шарораи хотираҳо» навиштааст, рӯзҳои охири ҳаёти Муқаддасро ба ёд оварда мегӯяд:

«Он замон аллакай ману Муқаддас хонаҳои алоҳидаи худро доштем, аммо дӯстиамон ҳамоно қавӣ буд. Ман дар радиои Тоҷикистон ва ӯ дар ансамбли «Гулшан» кор мекард, ки ҳар ду дар як бино воқеъ буд. Як рӯз Муқаддас аз ман хоҳиш кард, ки барояш чиптаи ҳавопаймо ба самти Маскав пайдо намоям, то ба назди азизи дилаш Нур, ки дар Маскав буд, биравад. Вақте ки ман чипта пайдо карда, ҷониби коргоҳ омадам, Муқаддас аллакай саросема ҷониби сабукрав мешитофт. Садо кардам. Ӯ аз назди мошин фарёд зад:

- Латоф, ман ҳоли худам хонат меём…

Аммо он сабукрав Муқаддасро ба сафари бе бозгашт бурд… То ҳол «Латоф» гуфта, садо карданаш дар гӯшам садо медиҳад…»

Сафари охирин

Муқаддас он рӯз ҳамроҳи ҳамкоронаш ба вилояти Суғд сафар дошт, аммо дар роҳ мошини онҳо сарозер шуд ва ин сарояндаи шуҳратёри тоҷикро, ки ҳамагӣ 29 сол дошт, аз миён бурд…

Сарояндаи маъруф Баҳодур Неъматов бо таассуф аз фоҷиаи марги ин ҳунарманд ёдоварӣ карда мегӯяд: "30-юми августи соли 1979 гурӯҳи "Гулшан" бо мошин аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба Душанбе бармегашт. Субҳи барвақт ва торик буд, ки дар роҳ мошин ба ҷарие сарозер шуд. Муқаддас Набиева ба хотири наҷоташ худро аз мошин берун андохт ва сараш ба санги бузурге бархӯрд. Имкони наҷоташ дигар набуд. Ҳарчанд, мошин баъд аз лаҳзае ба санге бархӯрду истод".

Марги беамон ҳунармандеро рабуд, ки дар синни 27-солагӣ унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистонро дарёфт карда, ҳанӯз дар айни авҷи эҷод буд. Ӯ ҳанӯз мехост парвоз кунад ва ба сомеонаш парвоз бахшад, аммо…

О. НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД