Лаънат мегўям ба њамон рўзе, ки телефони сабилам вайрон шуду барои таъмир намудани он назди усто рафтам. Усто љавоне буд аз кўчаи боло ва ман борњо ба модари дардмандаш сўзандорў гузарондааму ўро хуб мешиносам. Ба њамин хотир њамроњаш гап мезанам, вагарна дањ сол пеш ба ин дења келин шуда омада бошам њам, мардумашро хуб намешиносам. Кош намерафтам, зеро ду сол боз ташвишу ѓавѓое ба сарам омад, ки….
Бахт аз беморхона
Падару модарам омўзгоранд ва њамаи мо- шаш нафар фарзандашонро хононда, соњиби касбу кори муайян кардаанд. Ман духтари кенљагии оила будаму коллељи тиббиро хатм намуда, дар беморхонаи ноњия ба кор шурўъ намудам. Ёрдамчии љарроњ будам, боре як љавонро бо дарди шадиди шикам ба беморхона оварданду маълум шуд, ки ўро дарди кўрруда гирифтааст. Баъди љарроњї духтур захмбандии љавонро ба ман супорид ва њамин тавр, мо оњиста-оњиста дўст ва оќибат бо њам унс гирифта, ошиќ шудем. Ростї, љавон аз дењаи дигар буду волидайнам хостгоронашонро ќабул карданї набуданд, вале ман апаи калониямро ба миён андохта, ризоияти волидонамро ба даст оварда, бо Шароф хонадор шудам. Дар хонаводаи шавњарам авсунам бо чор фарзандаш зиндагї мекард, њеварам мисли мардњои дигари дењоти Тољикистон ба муњољирати мењнатї мерафту ў хонашин буд. Шавњари ман низ баъди ду моњи тўй назди бародараш рафт, ман бо ризоияти хусуру хушдоманам ба кор баромадам. Дар пункти тибии дења кор мекардам, зиндагиямон аз дигар занони дењот фарќ надошт. Шавњаронамон дар фаслњои гарм ба Русия мерафтанду зимистонњо пеши мо меомаданд, зиндагиямон баду нек мегузашт. Хушдоманам зани хуб буд, вале хусурам асабию хашмгин ва њаќоратчї буд, аммо ба њамааш тоќат мекардем. Зеро зани тољик аз азал бо сабру тањаммулаш машњури олам гаштааст. Соњиби ду писар гаштам, ба авсунам низ коре надоштам, аммо њамеша аз як кирдораш њайрон мешудам, шабу рўз њушу ёдаш ба телефон буд…
«Хушхабар»
Хусуру хушдоманам ду писар ва як духтар доштанд, хоњаршўям низ дар њамин дења шавњар дошту ду фарзанд. Корти бонкии ман дар дасти хусурам буд, ў рафта маоши маро аз бонк мегирифт ва чї гунае, ки хоњад, сарф мекард. Пули аз хизматрасонии мардуми дења ба даст овардаамро низ ба дасти ў медодам, нисфи бори зиндагии оилаи калонамон ба гардани ман буд. Либосу палоси худаму кўдаконамро асосан модараму хоњаронам мекарданд. Бо шавњарам, ки дар Русия буд, бо телефони хушдоманам гап мезадам, вале як дафъа ў бароям телефони мобилии зебое овард ва гуфт, ки ягон гапи байни худамон бошад, бо телефони худат гап зан. Зани њеварам барваќт телефон дошту аз тамоми сайтњои интернетї огањ буд. Як рўз њамин ќадар, ки кардам, телефонам рушан нашуд ва рафтам назди устои телефонсозкун. Усто телефони маро кушода, куљояшро дид, ки равшан шуду баъд онро бо як кунљкобии хос кофтан гирифт. Ман ки чизи зиёдатие дар телефонам надоштам, нигоњ карда шиштам, баъди чанде љавон гуфт:
-Янга, як бор телефони зани њевартонро бинед. Вай аксари навиштаљотњояшро пок намекунад ва аз шавњари худаш дида, зиёдтар бо шуи шумо гап мезанад. Ба вай як суратњое мефиристад, ки шармандагї...
Ростї, аз ин фошгўињои як љавонаки бароям бегона ќањрам омаду гуфтам, ки “тўњмат накун! Ту чї њаќ дорї, дар хусуси як зан чунин суханњоро раво дорї?!” Ў бо лабханд гуфт:
-Янга, бовар накунед, ихтиёратон, аммо ман чизеро гуфтам, ки бо чашмам дидаам. Ман њам мисли шумо аввал шок шудам, ки чї хел ба додари шўят ин гуна суратњои мањрамона фиристї?!
Дар њолати шок то хона расидам ва рўзи дигар як бало карда, телефони зани њеварамро гирифта, хона даромадаму онро кушодам….
Шок!!!
Телефонро кушодаму баданамро вараља фаро гирифт, зани њеварам ба шавњари ман суратњои урёнашро фиристода, бо ў он ќадар сўњбатњои мањрамона мекардааст, ки ба гуфтан забон намегардад. Њамсарам ба янгааш он ќадар њарфњои мењрубонї нисор карда, ки дар њаёташ ба манн- зани поку њалолаш нагуфтааст. Телефонаро гирифта бурда, ба дасти хушдоманам додаму якбора ањволам бад шуд, чун ба худ омадам, дар беморхонааму модарам боли сарам ашк мерезад. Ба модарам њама тафсилоти воќеаро наќл намудам, ў маро рост ба хонаамон бурда, кўдаконамро низ аз хонаи хушдоманам оварда гуфт, ки аз шавњарат људо мешавї. Аммо хушдомани бечораам аз ин шармандагии ба сараш омада зор-зор мегиристу маро зорї мекард то ба хона баргардам. Ба зангњои телефонии шавњарам љавоб намедодам, хусуру хушдоманам маслињат карда, тамоми пасандози доштаашонро љамъ намуда, барои ман дар як порча замини санглохи дар як канори дења доштаашон хона сохтанд. Ман рост ба хонаи худам рафтам, хусурам њар шаб ману кўдаконамро њамроњї мекард. Шавњарам омад ва хушдоманам моро рӯ ба рў кард, зани њеварам ба љойи узру пушаймонї бепарво гуфт:
-Талхаи њамаатон накафад, ин кори мо телефонї буд, бо њам наздикї надоштем.
Ман як сол дар хонаи худам зиндагї кардам, аммо дилам аз шавњарам ях барин хунук буд. Ў низ ду моњ назди мо монду боз роњ пеш гирифт ба Русия, дар ин миён мо ба њеварам ягон гап нагуфтем то бародаркушї нашавад. Вале ў худаш телефонбозии занашро бо марди бегонае дошта, талоќашро дод. Зани њеварам ба љойи тавбаву надомат коре кард, ки….
Ќасоси тарпоча
Зани њеварам чор кўдакашро дар хонаи хусуру хушдоманам партофта, ба хонаи волидонаш рафт ва дили шавњари хоњаршўямро ёфта, маъшуќаи ў шуд. Намедонем ў чї карду чї монд, ки хоњаршўйи бечораамро бо ду фарзанд шавњараш талоќ дода, зани њеварамро ба занї гирифта, њамроњаш Русия бурд. Бечора хоњаршўям аз ин алам як сол боз ба худ намеояд, дар хонаи хусуру хушдоманам духтари њеварам, ки синфи њафт мехонад, аммаашро чашми дидан надорад ва сояашро аз девор метарошад. Аз тарси љангу љанљоли духтури акааш хоњаршўйям бо ду фарзандаш ба хонаи ман кўч баст. Акнун ман зиндагии ду оиларо пеш мебарам, пули фиристодаи шавњарам пурра сарфи зиндагї мешавад. Маоши худамро бошад, барои ободонии њавлии нимсохтам сарф мекунам…
Бо њама ин дасисаву найрангњо зани собиќи њеварам њељ ќарор намегирад ва аз Русия занг зада, маро тарс медињад, ки њоло ист, ман туро хонавайрон мекунам. Тавба кардам Худоё, њам ѓариву њам пешхезї, замин ин гуна инсонњоро чї гуна мебардошта бошад…
Салима
Таснифи Нисо