Sebiston new 2024 october
Асланшоҳ Раҳматуллоев: Мард шер асту зан шербон!
3814

 Даричаи ошноӣ:

Ҳунарманди мардумии Тоҷикис­тон Асланшоҳ Раҳматуллоев 23 сентябри соли 1954 дар деҳаи Пушёни поёни ноҳияи Восеъ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1971 ба шуъбаи актёри кинои Институти умумииттифоқии (ВГИК) кинематографияи шаҳри Маскав дохил шуда, соли 1974 ин даргоҳи бонуфузи ҳунарро бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 1975 то 1994 дар Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намуда, аз соли 1994 то имрӯз дар Театри мазҳакавии«Оина» кор мекунад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. 3 писар ва 2 духтар.

 –Шумо як умр бо хонумҳои нозанин нақш мебозед. Зан аз нигоҳи Асланшоҳ бояд чӣ гуна бошад, то мард мисли уқоби ромшуда ҳамеша ба сӯйи ӯ парвоз намояд?

– Бо мард зиндагӣ карда тавонистан ҳунар аст. Шавҳардорӣ мисли шербонист, на ҳар зан аз уҳдааш мебарояд. Зани асил бояд мисли зани ман оқила бошад ва бо ҳамсараш дӯст шуда тавонад.

– Аз он, ки «мисли зани ман» гуфтед, маълум, ки аз ҳамсаратон розӣ ва аз зиндагӣ мамнунед. Бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда будед?

–Ин қиссаи дуру дароз аст. Ман баъди аз зани дуюмам чудо шудан бо Соҷида, ки нав ба театр ба кор омада буд, шинос шудам. Вай ҳамчун шогирд бо мо кор мекард. Ман ӯро мисли хоҳар дӯст медоштаму ӯ маро мисли бародар. Намоишномаро тайёр кардем, ки дар он Соҷида нақши зани дарвозиро мебозид. Бояд ба лаҳҷаи дарвозӣ гап мезад. Соҷида самарқандист, аз куҷо ин лаҳҷаро медонист?! Ӯр ба хонан бурдам, то бо аҳли оилаамон суҳбат карда, лаҳҷаи дарвозро ёд гирад. Як моҳ дар хонаи мо зиндагӣ карда, Соҷида лаҳҷаи дарвозиро чунон ёд гирифт, ки ӯро аз занҳои дарвозӣ фарқ карда намешуд.Рафтору гуфтори Соҷида ба падару модар ва аҳли оилаамон маъқул шуд. Падарам намехостанд, ки ин духтараки меҳрубону хушрафтор бегона шавад. Модари Соҷида ҳам меҳмони мо шуда, оилаи моро маъқул кард ва маро мисли писари худаш дӯст дошта монд. Ҳамин тавр мо бо дуои падару модаронамон риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем. Пас аз тӯй ман чунон соҷидаро дӯст доштам, ки дигар ҳатто як лаҳзаи умрамро бе ҳамсарам тасаввур карда наметавонам.

Асланшоҳ чизеро ба ёд оварда хандид. Сабабашро пурсон шудам.

–Соҷида ҳамчун духтари самарқандӣ расму оинҳои худро ба ҷо меовард. Пас аз тӯй падари раҳматиям меҳмони мо шуданд. Ҳамсарам дарҳол либосҳои «ҷангияш»-ро ба бар карда, баробари аз дар даромадани падарам ба таъзимдиҳӣ сар кард. Азбаски дар мо чунин расм нест, падарам ҳайрон шуда, чӣ гуфтанашонро надониста монданд. Он кас даҳ бор «раҳмат духтарам, раҳмат» гуфтанд, вале Соҷида ҳамоно салом медод. Инро дида падарам кисаашонро кофта чанд сум пул бароварданду ба дасти Соҷида доданд. Соҷида боз таъзимкуниашро давом додан гирифт. Бечора падарам гумон карданд, ки маблаҳи додаашон басанде нест ва содадилона гуфтанд:«Духтарам, ман дигар пул надорам, ки ба ту диҳам…»

Ману ҳамсарам то имрӯз ин ҳодисаро ба ёд оварда механдем.

– Бигузор,ҳамеша дар хонаатон ханда бошад!

 Соҷида Раҳматуллоева:

МАРД ТАБИАТАН ШИКОРЧӢ АСТ

Даричаи ошноӣ:
Соҷида Раҳматуллоева, ҳунарманд, 14 апрели соли 1967 дар деҳаи Оҳалики Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №18-и деҳа як сол дар заводи мурғпарварии шаҳри Самарқанд кор карда, соли 1985 бо розигии модараш ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 1989 шуъбаи актёрии ин донишкадаро хатм намуда ба Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор меояд.

Аз соли 2005 дар Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Шуҳратшоҳ, Шавкатшоҳ, Зуҳуршоҳ, Рухсорамоҳ Озода ва 7 набераи дӯстрӯяк.

 

 

– Шавҳаратон шуморо бисёр таъриф карданд. Дили Асланшоҳро чӣ хел ёфтед?

– Ҳамеша мардро бо табъи хуш пешвоз гирӣ, зиндагӣ хубу ширин мегузарад.

– Кадом хислати шавҳаратон ба шумо бештар писанд аст?

– Дурандешӣ, ботамкинӣ ва захирачӣ буданашон.

– Кадом хислати Асланшоҳ ғашатонро меорад?

– Хислати бадашонро то имрӯз надидаам.

– Кадом хӯроки пухтаатонро баҳ-баҳгӯён мехӯранд?

– Тушбера ва кабоби самарқандӣ

– Асланшоҳ кадом хӯрокро нағз мепазад?

– Дамламаро олиҷаноб мепазанд. Рӯзе, ки он кас ба сари дегу табақ раванд, барои тамоми аҳли оила ид аст.

– Ҳамчун як зан-модари хушбахт ба ҷавононе, ки оила барпо карданианд чӣ тавсия медиҳед?

– Тарбия, аслан, аз тавлид ё ба таври дигар гӯем, ҳанӯз аз батни модар оғоз меёбад. Мо, модарон бояд фарзандонамонро тарбияи нек диҳем. Хоҳ писар бошад, хоҳ духтар. Иззату эҳтиром кардани калонсолон, ба қадри меҳнати калонсол расида, ҳазм карда тавонистани сухани калонсолон, бо сабру таҳаммул будан, гап нагардондан ва хабаркашӣ накарданро омӯзонем. Духтар ин хислатҳоро дошта бошад, дар зиндагӣ пешпо намехӯрад ва ҳаёти оилавиаш ширин мешавад.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД