Дар таъриху фарҳанг ва тамаддуни кишварҳои гуногуни олам ҷашнҳое мавҷуданд, ки ифодагари рамзи ин ё он фасли сол мебошанд.
Мардум дар тӯли қарнҳо онҳоро такмил дода, дар робита ба расму оин ва бовари манотиқи худашон, таҷлил менамоянд. Яке аз фаслҳое, ки фарорасиаш ҷашнҳои зиёде дар пай дорад, баҳор аст. Идҳои баҳорӣ дар саросари ҷаҳон бо диду назари хоси ҳамон минтақа ҷашн гирифта мешавад. Чунин ҷашнҳо дар Италия, Фаронса, Олмон, Австрия Швейтсария ва дигар кишварҳои ақсои олам таҷлил мегарданд. Ҷолибтараш он аст, ки ҳамаи ин идҳо шабеҳи ҷашнҳои пеш аз Наврӯз ва баъд аз он, яъне баҳори тоҷикон мебошанд. Ҷашнгирии ин идҳо бо ҳамаи мардуми Шарқу Ғарб пайвастагӣ дорад.
Чунончи дар Италия 19 март иди рӯзадорӣ таҷлил мегардад. Дар бисёр ҷойҳо дар ин рӯз, оташдонҳои зиёд, ки ба моҳи март хос ҳастанд, барафрӯхта мешаванд. Аз ин рӯ, аз замонҳои қадим, мардуми сарватманди итолиёвӣ дар ин рӯз барои мардуми камбизоат кӯмак мерасонанд. Одатан онҳо ба назди пиронсолон, барҷомондагон, бенавоён ва кӯдакон барои аёдат ва ҳолпурсӣ мераванд. Дар рӯзи ид ҳамагон либоси хоссаи идона ба бар доранд, ки ин нишонаи воқеии фасли баҳор аст.
Дар Фаронса ҷашни якуми баҳорӣ санаи муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун рӯзи шамъ ба ҳисоб меравад. Мисли дигар кишварҳои Аврупо, дар Фаронса низ, ба муносибати маросими поксозӣ, маросимҳои диндорон ташкил карда шуданд: Ин маросимҳо махсусан дар қарнҳои миёна бо тантана ҷашн гирифта мешуданд. Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки дар ин кишвар якшанбеи аввалии моҳи мартро ҳамчун рӯзӣ модаркалонҳо (Бибиҳо) таҷлил менамоянд. Чуноне дар Тоҷикистон рӯзи 8 март ҳамчун рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад, дар Фаронса низ дар рӯзи модаркалонҳо, наберагон ба онҳо туҳфа тақдим менамоянд.
Фаронсавиён урфу одатҳои зиёди миллӣ доранд, аз чумла онҳо дар рӯзи яке аз ҷашнҳояшон бо номи “Чандилак”шамъҳоро дар мегиронанд, Деҳқонони фаронсавӣ рӯзи шамъро ҳамчун яке аз муҳимтарин идҳо ҷашн мегирифтанд, зеро он мувофиқи эътиқодҳо хело муҳим буд. Дар бисёр минтақаҳои Фаронса корҳои кишоварзӣ маҳз дар ин сана оғоз мешаванд.
Аз ҳамон рӯз тасмим гирифта мешавад, ки кор дар саҳро, дар боғ, токзорҳо оғоз ёбад. Маҳз ба муносибати ҷашнҳои шамъ, нишонаҳо ва суханони зиёд баён шудаанд. Дар бисёре аз музофотҳои Фаронса боварӣ доштанд, ки ҳавои хуб дар Чанделие нишонае буд, ки зимистон боз чил рӯз идома меёбад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин ҷашн бо баъзе аломатҳояш ба ҷашни Садаи тоҷикон шабоҳатҳои хеле наздик дорад. Мардуми Фаронса бар он муътақиданд, ки дар рӯзи Чандил, хирс маконашро тарк мекунад ва агар ҳаво абрнок бошаду офтоб надурахшад, ба макони худ баргашта дар давоми чил рӯзи дигар ором хоб меравад. Дар моҳи март деҳқонон бисёр ташвишҳо доранд. Онҳо бояд заминаи шудгори баҳорӣ, алафдаравӣ ва кишти зироатро ба амал оранд.
Маросими “Ҷаҳидан аз оташ” низ дар давлатҳои Аврупо хусусият ва маънии гуногунро дорад. Ҷавонон, паси ҳам як ё ду ҷуфт – духтар ва писар, дасти ҳамдигарро гирифта, ё баъзе бачаҳо танҳо аз болои оташи сурх меҷаҳанд.Ҷавонони ҷуфт ба умеди ҳамон сол издивоҷ кардан ва дигарон бо мақсади халос шудан аз ягон беморӣ ва ғайра онро анҷом медиҳанд. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон низ маросими “Оташпарӣ” то ҳол вуҷуд дорад, ки дар рӯзҳои наздикшавии ҷашни бузурги ниёгон – Наврӯз анҷом дода мешавад. Мардум дар ҳоле, ки аз болои оташ мепаранд, мисраъҳои шеърии “Сурхии рӯятро бидеҳ, Зардии рӯямро бигир”-ро замзама мекунанд.
Бузургтарин ҷашни оғози баҳор барои кишварҳои Олмон, Австрия, Шветсария, Нидерландия ва Белгия ин Карнавал (як навъ ҷашнворае ҳаст, ки дар Аврупо мардум бо либосҳои идона ва гулҳои зиёд аспсавор дар хиёбонҳо гашту гузор менунанд).
Дар Олмон ин ҷашни баҳорӣ бо тантана қайд карда мешавад. Мардум дар хиёбонҳо сайру гашт мекунанд. Нақлиётро ончунон бо гулҳои зиёди рангоранг оро медиҳанд, ки кас гумон мекунад, он аз гул сохта шуда бошад. Ҳангоми ид мардум ба ҳамдигар тухмҳои рангораг, кулчақанд ва харгӯшчаи зиндаро ҳадя мекунанд, чунки харгӯш ба назари онҳо ҳайвони ҳалиму меҳрубон буда, таҷассумгари хушбахтӣ аст.
Ҳамчунин дар ин айём дар Олмон ҷавонон ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд, ки ин рамзи асосии омадани баҳор ва зебоиву солимии хонумонашон асту онҳо наслҳои солимро ба дунё оранд. Азбаски об неъмати зинда аст, намӣ ва таровати зебоии пӯсти занонро нигоҳ медорад.
Ҳатто дар замонҳои пеш, мардуми Олмон ҷашни бузурги эҳёи офтобро бо қурбонӣ ва зиёфат ҷашн мегирифтанд. Ин ид монанд ба иди румиён буд. Дар натиҷаи робита байни ду фарҳанг, як маҷмӯи муайяни маросимҳои ҳафта дар Панҷак таъсис дода шуд. Гузашта аз ин, румиён ҷашнгирие бо номи “Ҷаззоб” доранд, ки бо либоспӯшии хоси худ маълум аст ва олмониҳо низ ин чашнро аз онҳо гирифтаанд.
Нақши оташ, дар фарҳанги олмонӣ ва эътиқоди мардуми Аврупо таъсири бузурги тозакунӣ ва ҳифзи табиат аз партовҳо ба ҳисоб меравад. Дар фарҳанги мардуми тоҷик низ мегӯянд, ки оташ таъсири зарароварро нест мекунад ва баръакс қувваҳои хуби ҳосилхезиву шукуфоиро ба вуҷуд меорад. Бо ин назардошт метавон гуфт, ки фарҳанги тоҷикон бо фарҳангҳои кишварҳои Аврупо шабоҳати наздик доранд.
Яке аз анъанаҳои ҷолиби ҷашнҳои баҳорӣ, ҳафтаи Панчак аст, ки то имрӯз аз ҷониби деҳқонони Ҷазираи Шовен, Нидерландия, ва музофотҳои Зеландияи Нав нигоҳ дошта шудааст.Деҳқонон аспҳои худро бо гулҳои зебо ороста ба беруни шаҳр мебаранд. Сипас, иштирокчиёни ҷашнвора ба аспҳо нишаста, ба соҳили баҳр мераванд чунин шарт аст, ки агар асп пойҳояшро ғарқ кунаду ба замин чуқуртар фурӯ равад, ҳамон қадар соҳиби асп ғолиб дониста мешавад. Вақте ки аспсаворон ба деҳа бармегарданд, вақти боқимондаро шабона бо рақс ва дилхушӣ мегузаронанд.
Дар Белгия, ҳангоми идҳои баҳорӣ кӯдакон хона ба хона рафта, суруд мехонанду барои онҳо чормағз, себ, гӯшти яхӣ дода мешавад. Дар Нидерландия, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат порчаҳои гуногуни сурудҳоеро, ки ифодагари саховат ва дасткушодии мардум мебошанд, мехонданд ва ба ин восита гӯё дили ашрофонро об карда, чизҳои мехостаашонро ба даст меоранд.
Дар Бритвнияи Кабир то ҳол, кабудизоркунӣ чун хусусияти хоси ҷашнҳои баҳорӣ боқӣ мондааст. Дар арафаи ҷашн, одатан, ҷавонон ба ҷангал барои ҷамъ овардани сабзаву гулҳо мераванд ва ба шаҳр бо суруду мусиқӣ, дар даст шохаҳои сабзу гулҳо бармегарданд.
Сокинони давлатҳои Скандинавия бошанд, дар моҳи март, пеш аз оғози корҳои кишоварзӣ, кӯшиш мекунанд, ки ҳавои ояндаро тибқи нишонаҳои гуногун пешгӯӣ кунанд. Рӯзи на он қадар сард то ба аввалҳои баҳор идома меёбад.
25 март дар кишварҳои Скандинавия рӯзи хонумони донишманд дониста мешавад. Донишҷӯёни донишгоҳҳои Уппсала, Лунд, Стокголм, шоми он рӯз дар хиёбонҳои шаҳр назди оташ истода, дар васфи баҳор сурудҳои мардумиро месароянд. Ҳамчунин дар Скансен, осорхонаи мардумии шведӣ дар болои кӯҳи Дир оташи баланд афрӯхта мешавад. Ин оташ аз чандин километр намоён аст. Дар атрофи он ҳазорон нафар ҷамъ меоянд. Инчунин интихоби "Арӯсу домод" низ аз ҷашнҳои маъмули баҳорӣ дар Скандинавия аст.
Дар ҳаёти иқтисодии деҳқонони Австрия 17-уми март нақши бузург мебозад. То ин вақт, оғози кор дар саҳро ва боғ ба таъхир мемонад. Дар маросимҳои баҳорӣ, урфу одатҳои вобаста ба кабудизоркунӣ, алалхусус тоза кардани хонадон, эътимоди зиндагӣ аҳммияти бузург дорад.
Дар маросими баҳории Швейтсария намунаҳои гуногуни ҷашнҳо, ки ба бедории табиат нигаронида шудаанд, таҷлил мегарданд. Яке аз чунин ҷашнҳо “Бедоршавии замин”, ки аз тақвимҳои Рум пайдо шудааст, мебошад. Одати ҷашни “Бедоршавии замин” дар дигар қисмҳои Швейтсария низ маълум аст. Дар ин рӯзҳои ҷашн кӯдакон шохаҳои сабзро бо худ мегиранд ва ҳар як роҳгузарро оҳиста бо он мезананд. Ин амалҳо дар гузашта ва ҳоло низ ба мақсади огоҳ кардани мардум аз омадани баҳор ва додани нидои кабудизоркунӣ дарак медиҳад. Анъанаи «бедор кардани занбӯри асал» низ дар ин кишвар ба моҳи март рост меояд.
Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки қариб ҳамаи давлатҳои Аврупо дар фасли баҳор ҷашнҳои гуногуни худро доранд, ки бештари онҳо ба ҷашнҳои баҳории кишвари мо қаробат даранд. Анъанаҳои пеш аз наврӯзӣ низ қариб якхел ҷашн гирифта мешаванд. Аз кабудизоркунӣ шурӯъ гардида, то обдиҳӣ ва аз болои оташ ҷаҳидан ҷанбаҳои фарҳангие ҳастанд, ки дар кишвари мо низ ба таври густурда дар фасли баҳор анҷом дода мешаванд.