“Фирӯз, агарчӣ нав ба синни 18-солагӣ расида, инак бо духтари дӯстдоштааш издивоҷ мекард, аммо ӯ ҳанӯз падарашро надида буд. Ҳатто ҳузури меҳмонони зиёд дар тӯй, шодбошгӯиҳои атрофиён ҷои падарро пур намекард ва набуданаш сахт эҳсос мешуд.
Мавҷуда, 18 сол пеш тавониста буд, ки Шоҳсаидро аз мавлуди фарзанди деринтизораш огаҳ кунад, вале имрӯз ба тӯйи арусиаш ӯро хабар карда натавонист, зеро падари Фирӯз баъди ба дунё омадани ӯ беному нишон ғайб зад ва то ҳол аз ӯ на хате ҳасту на хабаре...”
Ин порае аз китоби “Ашкҳои зери борон”-и Холиқназар Ҷумаев мебошад, ки дар рӯзҳои боронии фасли дай пешниҳоди хонандагону ҳаводоронаш гардид. Китоби мазкур бозгукунандаи зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар кишвари Русия мебошад.
Холиқназар Ҷумаев, муаллифи китоб тавонистааст дар ин китоб азобу ранҷи на танҳо мардон, балки занони ғарибу муҳоҷирро ба қалам диҳад.
Тавре муаллиф дар суҳбат ба мо қайд кард, ки солҳои 1996 то соли 2008, яъне 12 сол дар муҳоҷират будам ва ба зиндагии муҳоҷирон аз наздик шинос шудам. Ба ҳамаи шаҳрҳое, ки дар бораашон сухан меравад, сафар доштам, кор кардам. Худ шоҳиди аксари ҳодисаҳое ҳастам, ки дар ин китоб дарҷ шудааст.
Мавҷуда, қаҳрамони қиссаи якуми "Ашкҳои зери борон" аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия фирор мекунад ва дар онҷо бо занҳои дигари муҳоҷир шинос шуда, нахуст дар бозор ба кор медарояд ва баъдан тиҷорати худро кушода муваффақ мешавад. Муаллиф бо ба қалам додани зиндагии қаҳрамонаш тавонистааст, ки ирода ва ҷасорати зани тоҷикро нишон диҳад.
"Парандаҳои муҳоҷир" соли 2013 рӯи чоп омад, ки саргузашти муҳоҷирати муаллифи китобро баъд аз баргаштан ба Ватан қисса мекунад.
"Ашкҳои зери борон" дуввумин китобам дар мавзӯи муҳоҷират аст. Ҳанӯз дар замони дар муҳоҷират буданам қисм-қисм дар дафтари хотира қайд шуда буданд ва онро бо гузашти солҳо онро дар шакли китоб ба хонандагону ҳаводорони китоб пешниҳод намудам. Вале ин охири кор нест ва ҳанӯз дар кулвори муҳоҷирати худ ногуфтаҳои зиёде дорам”, иброз дошт Холиқназар Ҷумаев.
Муҳоҷират, яке аз мушкилиҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола садҳо мардону занони тоҷик ба кишварҳои дуюм, аз ҷумла Русия ба хотири пайдо кардани қутти лоямут сафар мекунанд.