Аз даст додани шахси наздик барои инсон фоҷиаи бузургест. Доғе, ки марги азизонамон дар дили мо мегузорад, ҳаргиз зудуда нахоҳад гашт. Имсол ба сари ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик Моҳпайкар Ёрова якбора ду мусибати калон омад.
Ӯ аввал Фотима Ғуломова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ки холааш буд ва Моҳпайкар ӯро модари маънавии худ мешумурд, аз олам гузаш. Баъдан, шахси наздиктарин дар ҳаёташ ғамгусору нозбардораш, розгӯву розшунаваш, қуввати дилаш, хоҳари нозанинаш Фотимаро аз даст дод.
Кормандони сомонаи “Оила ТҶ” барои ба ин бонуи ҳунар тазъия баён кардан, ба Театри ҷанони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рафтанд ва аз дили пурхуни ин ҳунарманди нотакрор огоҳ гаштанд.
Моҳпайкар Ёрова хатмкардаи факултаи драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М. С. Шепкин мебошад. Ӯ дар даҳҳо филм ва саҳнаҳо дар нақши асосӣ нақшофарӣ карда, аз тарафи тамошобин баҳои баланд гирифтааст.
НАВОРИ МОРО ДАР ИШТИРОКИ МОҲПАЙКАР ФАРДО СОАТИ 10:00 АЗ ЮТУБ КАНАЛИ "ОИЛА ТҶ" ПАЙДО КАРДА МЕТАВОНЕД.