Sebiston new 2024 october
Ашки талхи Бибигул барои ҷиянҳои ятимаш
2672
Ашки талхи Бибигул барои ҷиянҳои ятимаш (ВИДЕО)


Бибигул Абдураҳмонова сокини деҳаи Хоҷасиддиқи ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор буда, се сол қабл аз ҳаёти сангини падари солхӯрдааш Болтақул Абдураҳмонов ба ҳафтаномаи “Оила” шикоят карда буд. Ин мӯйсафеди 90-сола дар фасли сарди зимистон дар як хонаи лойии бе дару бе тиреза умр ба сар мебурд ва зиндагии набераҳои ятимашро бо нони гадоӣ пеш мебурд. Азбаски он вақт ҳафтаномаи “Оила” сомонаи худро надошт, мо аз мушкилоти ин оилаи камбизоат навори видеоие омода намуда, онро дар сомонаи Пресса. ТЧ нашр кардем.

 


Пас аз нашри ин навори видеоӣ ҳукумати маҳаллӣ ба мушкилоти ин мӯйсафеди дармонда расидагӣ намуданд ва бо сарварии раиси шаҳри Ҳисор хонаи Болтақул Абдураҳмонов ба пуррагӣ таъмир карда шуд. Бобои Болтақул дар дил ду орзу дошт-соҳиби хонаи обод шавад ва набераҳои ятимашро зан дода, баъдан бе ормон аз дунё гузарад. Як орзуи мӯйсафед бо кӯмаки “Оила” амалӣ гашта, соҳиби манзили зебое шуд, аммо умр ба ӯ вафо накарду орзуи дуюмашро бо худ ба зери хок бурд. Болтақул Абдураҳмонов чанд моҳ қабаз дунё гузашт ва имрӯз духтари ӯ Бибигул Абдураҳмонова ба идораи сомонаи Оила. ТЧ ташриф овардааст, то дар кори хайр-баргузор намудани тӯйи домодии ду ҷияни ятимаш аз муштариёни сомонаи Оила. ТЧ мадад бипурсад.
Биёед, дарди дили ин зани дармондаро аз забони худаш бишнавем.
Шахсоне, ки ба Бибигул Абдураҳмонова ва ҷиянҳои ятимаш дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд, метавонад ба рақами 905-44-27-67 занг занад ва ё хайрияи худро ба корти бонкии зерин гузаронанд:
Бонки Эсхата. Корти миллӣ. Рақами корт: 5058 2704 2001 1859

 

ШАКЛИ ПУРРАИ ВИДЕО ДАР ЮТУБ КАНАЛИ МО ИНҶО ЗЕР КУНЕД

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД