35 years of independency
Ашки шукрона
173

Аз даргузашти хушдоманам вақти зиёде гузашта бошад ҳам, ҳамсарам то ҳол қариб ҳар шом мегиряд. Беихтиёр, хомӯшона ва пайваста. Ҳамеша барои гиристан баҳонае меёбад: гоҳе хӯроке омода мекунад, ки модараш дӯст медошт; гоҳе ҳамсояе куртае ба бар кардааст, ки модараш монанди он либосе дошт; гоҳе ҳам дар ҷевон китоберо мебинад, ки модараш онро борҳо хондааст; ва ё аз оинаи нилгун садои маҳзуни сарояндае дар ситоиши модар танинандоз мешаваду дили ӯро реш-реш месозад...

Пас аз гиристан, маъмулан ба гила медаромад. Бештар маро маломат мекард, ки дар замони зинда будани модараш хеле кам ба дидораш мерафтем.

Бо садои ларзон ва олуда ба ҳасрат мегуфт:

- Ман аз дидори модарам ба серӣ баҳра набурдам. Шумо ҳамеша дурии роҳро баҳона карда, маро дер-дер ба он ҷо мебурдед ва намегузоштед, ки бештар дар канораш бимонам. Акнун дигар модарам нест.

Ростӣ, ман дигар ба гиряҳои пайваста ва гилаҳои пурсӯзи ҳамсарам хӯ гирифтаам. Охир, чӣ ҳам гуфта метавонистам? Оё умуман ҳаққи гуфтани чизеро доштам? Ҳаргиз!

Дар дил умед мепарваридам, ки рӯзе фаро мерасаду ин абрҳои ғаму андуҳ аз осмони хонадони мо пароканда мешаванд ва мо дубора ба маҷрои маъмулии зиндагиамон бармегардем. Аммо ҳатто дар гӯшаи хаёлам ҳам намегузашт, ки ин таҳаввулот чунин ногаҳон ва ғайримунтазира рух медиҳад.

Рӯзе барои нашрияамон бо як бонуи тоҷик, ки солҳо боз дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ мекард, аз тариқи фосилавӣ мусоҳибае анҷом додам. Ӯ беш аз даҳ сол буд, ки дур аз ватан қарор дошт ва ба унвони иқтисоддони муваффақу варзидае ном бароварда буд. Суҳбати мо гирди дастоварду комёбиҳояш мечархид. Дар лаҳзаҳои интиҳоии суҳбат хостам суоле дигар бипурсам:

- Оё дар ин даҳ соли ғурбат ва дурӣ аз ватан рӯзҳои сахту тоқатфарсое ҳам доштед?

Ӯ лаҳзае сукут кард ва бо садое, ки дигар дар он нишоне аз ғурури муваффақият набуд, посух дод:

- Дар давоми солҳое, ки ин ҷоям, ба ягон мушкилии ҷиддие рӯ ба рӯ нашудаам. Кору рӯзгорам бар муроди дил аст, ки аз ин шукргузорам, вале... ду рӯзи бисёр сахт ва фаромӯшношуданиро паси сар кардам. Якум, соли 2019, вақте ки дар даводави хатми донишгоҳ будам, модарам аз дунё гузаштанд. Азбаски шиносномаамро барои тамдиди раводид супурда будам, ҳеҷ кор карда натавонистам. Аз дастам коре наомад ва танҳо ин ҷо гиристам. Дуюм, соли 2025 гӯшамро ҷарроҳӣ карда буданд ва табибон муваққатан нишастан ба ҳавопайморо бароям қатъиян манъ карданд. Айнан дар ҳамон вақт падарам тарки дунё карданд. Он рӯз ҳам аз дастам ҷуз гиристан ҳеҷ коре барнаёмад...

Пас аз шунидани ин суханон, аз суоле, ки додам, шадидан хиҷолат кашидам. Эҳсоси пушаймонӣ гулӯямро фишурд, ки чаро як суҳбати саршор аз илҳому ангезаро бо чунин бо чунин пурсиши ғамангез нуқта гузоштам. Бо ҳамсуҳбатам хулоҳофизӣ кардам ва вақте ки ба қафо баргаштам, ҳамсарамро дидам, ки дар остонаи дар истодааст ва қатраҳои ашк беихтиёр аз рухсораҳояш мечаканд.

Ӯ бо садое, ки дар он шукргузории амиқ эҳсос мешуд, гуфт:

- Аз Худо сипосгузорам, ки ба ман имкон дод, то як ҳафтаи охир дар паҳлӯи модарам бошам. Ӯро парасторӣ кунам. Шукргузорам, ки ба ман насиб кард, то худам модарамро бишӯям, худам ба кафан гузорам, худам ба дунёи абадӣ гусел кунам. Охир, дар дунё одамоне будаанд, ки ҳатто ҳамин ҳам муяссарашон намегардад.

Инро гуфту бо дидаи гирён, вале қалби оромшуда ба ҳуҷраи дигар рафт.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД