Formula novemver 2024
АШКИ ПУРСӮЗИ САРОЯНДАГОН ДАР МАРГИ БАҲРОМ ҒАФУРӢ
10517

Рӯзи Ҷумъа сарояндаи шинохта, маҳбуб ва хушсадову хушсимои саҳнаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар наздикии ДДОТ ба садамаи автомобилӣ дучор гашта, ҷон ба ҷонофарин супурд.

Баҳром Ғафурӣ ҳамагӣ 44 сол умр дошт. Ӯ зода ва истиқоматкунандаи маҳҳали Мавлонои н. Рӯдакӣ мебошад. Аз ӯ ду писар, ки яке донишҷӯ бо номи Анушервон ва дигаре Эҳсони 17 - сола нишона монданд.

Дар рӯзи марги Баҳром натанҳо оилаи ӯ, балки тамоми ҳамватанонаш мотам доштанд. Қариб ҳамаи шабакаҳои интернетӣ аз ғаму андӯҳи фавти Ғафурӣ метаркид. Хоҳ ба Фейсбук, хой Инстаграм, хоҳ Одноклассники ва хоҳ Тик-ток медарӣ, то ҳол ҳам акси хотиравии Баҳром бо “смайлик”-и гиря дар тамоми “лента”-ҳо дида мешавад.

Махсусан ситораҳои саҳнаи тоҷик, ки бо Баҳром ҳамроҳ тарона эҷод кардаанду ҳамроҳаш суруд сароидаанд, аз ҷавонмарг шудани ӯ сахт ғамгин шуданд. Сарояндаи шинохта ва маҳбуби тоҷик, дӯсти Баҳром Парвиз Назаров аз марги рафиқ ва ҳамкасбаш сахт афсурда шуда, ба хотири зикри неки маҳрум якчанд сатри хотиравӣ иншо намудааст:“Алвидо дӯстам! Ту одами ҳақиқю самимӣ ва оҳангсози беҳтарин будӣ. Се рӯз пеш дар саҳифаи Инстаграмаат навишта буди, ки суруди тозаэҷодат рӯйи саҳна хонда мешавад ва ман шарҳ дода, “Новый хит!” навиштам.

Ту “Спасибо Парвизджон!” гуфта, ҷавоб додӣ. Ҳоло бошад ту дигар нестӣ. Ин фоҷиаи бузургтарин барои мост, барои онҳое, ки туро дуст медоштанд , қадр мекарданд ва эҳтиром менамуданд. Ба хотирам омад, ки расо як рӯз мо барои консерт омодагӣ дидем ва рӯзи дигар рӯйи саҳна бо ҳам дар ҳузури 20000 мухлис суруд хондем. Мо суруди “Лове лов”-ро хонда, он бароят бениҳот писанд омад, ҳатто гуфти, ки: “Ин суруд бароям беҳад мувофиқ аст...Мегӯӣ он маҳз барои сароидани ман эҷод шудааст...” Чӣ хуб аст, ки мо дар вақташ сурудро тавонистем бо ҳам бисароем! Раҳмат барои ҳассосӣ ва таваҷҷӯҳат. Ҳамроҳ бо наздиконат андӯҳгинам! Хайр Баҳроми азиз! ”.

Ёдовар мешавем, ки 18-19 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар “Dushanbe summer fest” консерти Парвиз Назаров баргузор гардида буд. Баҳроми Ғафурӣ ва Гулмамад Назаров ҳамроҳ бо Парвиз Назаров суруди MIX-тоҷикию шуғнониро хонданд. Баҳром дар саҳна мисли ҳамешагӣ мепариду мерақсид ва ҳаводоронаш дар баробари ӯ суруд мехонданду мечархиданд.
Чанд мисраи аввали сурудро, ки Баҳром онро сароида буд, манзури хонандагон мегардонем:
“Ҷонам бигу чаро рафти ту аз бари ман?
Бигу чаро рафти ту ҷонам аз пеши ман?
Биё-биё бо ман бимон, ки дӯстат дорам,
Биё-биё пешам биншину бигӯ ба ман
Дӯст дорӣ ё не?
Ту маро, ту маро живҷат ё най, лове лов, лове лов...
Туёом уз, туёом уз дуст медорам, лове лов, лове лов... ”


Инчунин, Ҷонибек Муродов акси Баҳромро дар саҳифаи Инстаграми худ гузошта, навиштааст: Худо раҳмат кунад, инсони беҳтарин ва сарояндаи маҳбубро!”.

“Инсони нексиришт, ҳунарманди нотакрор, акои Баҳромҷон руҳатон шод бошад, охирататон обод бошад! Бисёр афсӯс, ки шумо аз байни наздикону мухлисону ҳамкасбон рафтед! Ҳамин хел меҳрубонӣ мекарданд нисбати дӯстон, номи ҳамаро бо ҷон ба забон мегирифтанд...Ҷони Шумо дар санъати эстрадаи тоҷик ва дар ҳалқаи дӯстон холист! Ёдатон ба хайр акои гиромӣ! Ҳамдардии мо ба аҳли пайвандонашон” –бо сад дарду алам ин сатрҳо Дамирбек Олимов дар ҳақи Баҳром навиштааст.

Бонуи саҳна ва хонуми муваффақи “Шоу Бизнесс” Шабнами Сурайё эҳсоси гуманистиашро нишон дода, дар ҳаққи Баҳром гиристааст: “Инна-Лилляҳи Ва-Инна-ИляйҳиРаджиун! (дасти дуоъ) Дӯст ва бародари азизам Худо тариқи раҳмат ва шоистаи Ҷаннат гардонад! Руҳат шод бод! Умри мо мераваду ёди ту ҳаргиз наравад...”

Дар баробари ин нафарон, инчунин Ҳабиба Давлатова (“Худо сад раҳмату махфират кунад туро! Дидор дар қиёмат(смайлики гир!я Дилу ҷигарам сӯхт Баҳром! Баҳром ҷоят ҷаннат бошад, ғуррамарги мо! “), Орзу Исо( “Падруд, таронасози забардасти насли мо!”)


Фирӯза Ҳафизова: (“Худованд ҷоятонро Ҷаннат гардонад(смайлики гиря ва дасти дуоъ)” ) ва Мубориз Усмонов (“Сад афсӯс...Ака, дӯст, марди ҳақиқӣ, ҳунарманди нотакрор. Как же так? (смайлики гиря)”) низ зикри хайри Баҳроми Ғафуриро кардаанд.





Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД