Қасам хӯрда будам, ки аз шавҳарам пул намепурсам, вале вақтҳои охир ба мушкилот дучор шудаам ва мехоҳам аз ӯ кӯмак пурсам.
Мегӯянд, ки агар одам қасам хӯрда, боз ҳамон корро кунад, қасами хӯрдааш ӯро мезанад ва ба бадбахтӣ гирифтор мешавад. Мехоҳам донам, ки агар савгандамро шикаста, аз шавҳарам пул пурсам, дар назди Худованд гунаҳкор мешавам ё не?
Маҳбуба, хонандаи “Оила”.
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯшӣ
Агар одам қасам ба номи Худо гуфта бошад ва аҳду паймонашро шиканад, дар гардани ӯ кафорат мешавад. Кафорат ин аст, ки бояд як ғуломро озод созад, аммо дар замони мо ғуломдорӣ вуҷуд надорад. Ҳукми дигараш ин аст, ки одами савгандашро шикаста, се рӯз пай дар ҳам рӯза мегирад.